“ДАСТОРХОНРОЙ”: МУРҒОБ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

Дар тарабхонаи «Бадахшон» даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Дасторхонороӣ» ҷамъбаст гардид.
Озмун дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019-2021-«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардида, даври аввали он дар шаҳру навоҳии вилоят гузаронида шуд.
Ҳадафи баргузории он пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба расму русуми аҷдодӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ, додани авлавият ба маҳсулоти ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ манфиатбахш, тарзи дурусти ороиши дастархон ва риояи сарфаю сариштакорӣ дар баргузории маросиму маърака арзёбӣ мегардад.
Дар озмуни вилоятии «Дасторхонороӣ» бонувони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб ширкат варзиданд.
Ҳар як кадбону вобаста ба завқу истеъдоди худ ва бо тайёрии пухта ба озмун ҳозир шуда, кӯшиш мекард, ки бо муаррифии беҳтарин хӯриш ва таомҳои миллӣ мақоми вижаро соҳиб гардад.
Таомҳои миллӣ, аз қабили қурутоб, шакароб, навъҳои мухталифи атола, оши бурида, оши боқило, нонҳои ҳархелаи танӯрӣ, чапотӣ, кулча, бурусоқ, ғӯзқамоч, самбӯса, шириниҳои гуногун, намудҳои меваи хушк, шарбату афшураҳои меваю сабзавот аз файзу баракат ва арзонии ҳар хонадон дарак медод.
Муаррифии таомҳои пешниҳодшуда, таркиб ва тарзи тайёр кардани онҳо, хусусияти хос ва ҷойгоҳи таоми миллӣ дар рӯзгори мардум, пешниҳоди намудҳои мухталиф, тарзи суханварӣ ва либоспӯшии кадбону аз шартҳои асосии озмун маҳсуб меёфтанд.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва ҳайати ҳакамон аз намоиши таомҳои миллӣ, маҳсули кадбонувон дидан намуда, ба маҳорат ва истеъдоди ҳар яки онҳо баҳои баланд доданд.
Ҷараёни баҳогузорӣ ба ҳар кадом дастархони орододашуда ҷиддӣ сурат гирифта, камтарин ҷузъиёти ороиши дастархон мавриди муҳокимаи ҳайати доварон қарор гирифт.
Назира Амирбекзода дар ҷамъбасти озмун аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон ёдовар шуда, афзуд, ки фазои мусоиди даврони соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам овардааст, ки занон дар дилхоҳ самти ҳаёт мавқеи муайян дошта бошанд. Ба иштирокдорони озмун барои заҳмат кашидан дар баргузории он изҳори сипос намуда, ҷиҳати нишон додани маҳорати баланди кадбонугӣ ва дасторхонороӣ ба ҳар кадомашон таҳсину офарин хонд.
Дастархони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, ки бо таомҳои ду халқи дӯсту бародар-тоҷику қирғиз оро дода шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардид. Ноҳияи Шуғнон дар зинаи дуюм қарор гирифта, ноҳияи Роштқалъа ҷойи сеюмро касб кард.
Ғолибон дар фазои мутантан аз ҷониби муовини раиси вилоят бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. Барои иштироки фаъол кадбонувони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон Ишкошим ва шаҳри Хоруғ низ бо мукофот сарфароз гардиданд.
Ғолибони ҷойҳои якуму дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Дасторхонороӣ”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *