,ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ДӮХТИ НИҚОБҲОИ МУҲОФИЗАТИИ ТИББӢ БА РОҲ МОНДА ШУД.

Дар доираи чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар бинои Ассотсиатсияи экофарҳангии Помир воқеъ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ дўхти ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Ширкати «Де Памирӣ» бо ҷалби 3 нафар дўзанда ба омода кардани чунин ниқобҳо машғул буда, дар як рўз имкони тайёр намудани 100 адад ниқобро доранд. Бо назардошти харидорӣ аз тарафи фармоишгарон айни ҳол дар коргоҳ 63 адад ниқоб захира буда, дўхтани онҳо идома дорад. Аз рўи иттилои роҳбари ширкати «Де Памирӣ» Ёралӣ Бердов дар ҳолати зарурат имкон аст, ки дўхти ниқобҳои тиббӣ зиёдтар ба роҳ монда шуда, дар як рўз то 200 ададро омода созанд. Нархи як адад ниқоб 6 сомониро ташкил дода, дар сурати пешпардохт гардидани 50%-и маблағ имкони харидории матоъи махсус аз шаҳри Душанбе зиёдтар мегардад. Ин ниқобҳо аз матоъи пахтагӣ омода карда шуда, барои истифодаи чандкарата пешбинӣ гардидаанд.
Ёралӣ Бердов таъкид дошт, ки сифати ниқобҳо бо мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят мувофиқа карда шудааст. Бояд таъкид намуд, ки ниқобҳо дар коргоҳи мазкур дар ҳаҷмҳои гуногун омода карда шуда, ниқобҳо барои кўдакон бо маблағи 5 сомонӣ фурўхта мешаванд. Дар баробари фармоиш хоҳишмандни алоҳида низ метавонанд бемамониат ниқобҳоро аз худи бинои Ассотсиатсияи экофарҳангии Помир, ошёнаи 1 харидорӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар корхонаи дўзандагии «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз, ки бо номи Кохи бонувон маъмул аст, дўхти ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизати фардӣ ба роҳ монда шуда, дар як рўз то 200 либос барои кормандони соҳаи тиб ва 2 ҳазор ниқоб омода месозад. Кормандони идораву муассисаҳо ва шахсони алоҳида метавонанд мустақиман ё тавассути дастгоҳи раиси ВМКБ ниқобҳоро аз корхонаи мазкур дастрас намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *