ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2020

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати молияи вилоят ва Раёсати андози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар шаш моҳи соли 2020 аз рўи даромадҳои худии буҷети вилоят ба андозаи 104,1 фоиз таъмин гардид. (нақша 47 929 040 сомонӣ, иҷро 49 874 721 сомонӣ).. Аз ҳисоби даромадҳои худӣ дар ин давра аз нақшаи пешбинишуда маблағи 1945681,0 сомонӣ ба буҷети вилоят зиёдтар ворид гардид.
Дар баробари ин, дар шаш моҳи соли 2020 сифатнокии қисми даромади буҷети вилоят аз рўи се намуди андоз, андоз аз арзиши иловашуда ( 83%), боҷи давлатӣ (80,4%), ва андоз барои захираҳои табии (76,5%) таъмин нагардид. Сабаби асосии сифатнок иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ва буҷети худии вилоят, ин пурра фаъолият накардани қисмате аз муассисаҳои сохтмонӣ мебошад. Инчунин қайд кардан зарур аст, ки аз сабаби паҳншавии пандемияи каронавируси навъи COVID – 19 дар моҳи июни соли равон нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои вилоят муваққатан аз кор боз дошта шудаанд.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят ба маблағи 136 млн 224 ҳазору 356 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардида, 90,4 фоизи нақшаро ташкил дод.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи ҳисоботҳои пешакї ба андозаи 90,4 фоиз иҷро гардида (нақша 150 728 227 сомонӣ, иҷро 136 224 356 сомонӣ), маблағи 136 224 356 сомонӣ барои хароҷот равона карда шуд. Бояд қайд кард, ки маблағи хароҷот дар нимсолаи якум нисбат ба даромади воқеи 98,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз он дар дастгоҳи идоракунии давлатӣ 87,9 фоиз (14 469 991 сомонӣ), мудофиа 91,6 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 92,0 фоиз (1 966 039 сомонӣ) , соҳаи маориф 90,3 фоиз (64 940 777 сомонӣ), соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 93,3 фоиз (37 606 214 сомонӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 92,6 фоиз (1 321 467 сомонӣ), хоҷагии манзилию коммуналӣ 78,7 фоиз (3 317 053 сомонӣ), фарҳанг ва варзиш 88,3 фоиз (7 061 983 сомонӣ), хоҷагии қишлоқ 85,5 фоиз (1 071 269 сомонӣ) ва нақлиёт ва хоҷагии роҳ 70,4 фоизро (251 510 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Бақияи қарзи андозҳо дар миқёси вилоят ба ҳолати 01.07.2020 маблағи 2169393 сомониро ташкил медињад. Дар маьмуъ щарзи андоз нисбати аввали сол ба маблағи 201,3 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2020 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 33469,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 363,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар ин давра 11272,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 3430,9 ҳазор доллари ИМА кам гардидааст.
Пасандози аҳолӣ дар ин давра маблағи 230,2 млн сомонӣ ташкил дода, аз он бо асъори миллӣ 148,2 млн сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 81,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 16,3 млн сомонӣ зиёд мебошад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *