НАҚЛИЁТ ВА АЛОҚА

Масофаи умумии роҳҳои вилоят 2728,4 километрро ташкил медиҳад, ки 1276,3 километри онро роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 383,5 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1068,6 километр аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят маблағи 5743,5 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ шуда, маблағи 5410,2 ҳазор сомонӣ барои корҳои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо истифода гардида, 94,2 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 270,8 ҳазор сомонӣ масраф гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар роҳҳои автомобилгарди вилоят 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 3 нафар фавтиданд. Садамаҳои нақлиётӣ бо номусоидии роҳ ба қайд гирифта нашудаанд.
Ба ҳолати 1 июли соли 2020 муассисаҳои роҳдории вилоят барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо ҳамагӣ 177 адад техника ва механизмҳои роҳдорӣ дар ихтиёр дошта, 129 ададашон дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 149,4 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 2948,5 ҳазор мусофирро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 37,5 фоиз кам гардида, ҳаҷми мусофиркашонӣ 4,0 фоиз зиёд гардидааст.
Шумораи истифодабарандагони алоқаи телефонӣ 10244 нафар буда, дар истифода мебошад.
Ҳаҷми даромади филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар вилоят 302,4 ҳазор сомониро ташкил дода, 97,2 фоизи нақша мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 бошад, ба андозаи 4,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми хизматрасонӣ ба аҳолӣ 52,5 фоизи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил медиҳад.
Роҳҳо ва купрукҳои вилоят сол аз сол обод шуда истодаанд ва имруз мардум метавонанд дар муддати 12 – 16 соат дар тамоми фасли сол ба шаҳри Душаннбе сафар намоянд, вале вазъи баъзе қисмати роҳҳо ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани қисмати кўпрукҳои мошингузар ҳанўз мушкилоти ҷиддии сокинони вилоят боқӣ мемонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *