ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ чорабинии идона бахшида ба таҷлили ҷашни миллии Сада баргузор карда шуд. Дар чорабини муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ, ва сокинон иштирок намуданд. Дар оғози чорабини муовини Раиси вилоят Носирзода Умедҷон сокинони вилоятро аз номи Раиси ВМКБ муҳтарам Ëдгор Файзов табрику муборак бод намуда қайд дошт, ки Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёгони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада, Меҳргон ва Тиргон инҳо идҳои милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “ Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост. Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем”. Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони соҳаи кишоварзи бо Ифтихорномаи Раиси ВМКБ қадр гардиданд ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашнгирии Иди Сада пешкаши иштрокдорони чорабинӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *