Ҳамкориҳо таҳким меёбанд

20 апрели соли 2021 вохӯрии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сабине Олтҳоф ва ҳамроҳони ӯ баргузор гардид.Маврид ба зикр аст, ки дар чаҳорчӯбаи сиёсати “дарҳои кушода”-и Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар таҳкиму тавсеа ёфта, аз он ҷумла, дар ҳудуди ВМКБ, дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд, иншооти гуногун бунёду таҷдид гардида, барои соҳибкорон ва дигар мутахассисони соҳаҳои мухталиф семинар ва курсҳои омӯзишӣ ташкил карда мешавандДар ҷараёни вохӯрӣ Раиси вилоят аз ҳамкории судманди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо ин ташкилоти бонуфуз изҳори қаноатмандӣ ва барои амалӣ сохтани лоиҳаҳои самаранок сипосгузорӣ намуд.Қайд гардид, ки аз ҷониби Агентии макур лоиҳаҳо дар самти хоҷагии қишлоқ, ҳифзулсиҳат, маориф, соиҳибкорӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ самаранок амалӣ гардида, айни замон ҳамкорӣ идома дорад.Аз ҷониби роҳбарияти вилоят вобаста ба равнақи баъзе соҳаҳо, аз он ҷумла, коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти чорводорӣ, рушди асалпарварӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои коркарди гиёҳҳои шифобахш, ки дар заминаи онҳо метавон соҳибкориро инкишоф дода, теъдоди зиёди шаҳрвандонро бо кор таъмин намуд, таклифҳо пешниҳод гардиданд. Зимнан, барои меҳмонон, намунаҳои гиёҳу малҳамҳо, шарбатҳои мевагӣ ва меваҳои хушки коркардашуда, дар бастаҳо ва зарфҳои аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ истеҳсолшуда, муаррифӣ гардид. Роҳбари Агентӣ ва ҳамроҳони ӯ ба ин ва дигар масъалаҳо диққат дода, зикр намуданд, ки зарфияти Тоҷикистон, аз он ҷумла Бадахшон, дар ин самт қобили таваҷҷӯҳ аст. Дар ҳамдастӣ метавон ин неъматҳои кишварро мутобиқ ба талаботҳои стандартӣ коркард намуда, ба бозорҳои ҷаҳон баровард.Тарафайн ҳамчунин вобаста ба омода намудани мутахассисон дар ҷодаи ташкили хизматрасонии сайёҳӣ, истифодабарӣ аз технологияҳои муосир, муаррифии дастовардҳо ва боигариҳои Тоҷикистон андешаронӣ намуда, изҳори омодагӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *