Wi-Fi-и РОЙГОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Дар маркази шаҳри Хоруғ, хиёбони Шириншо Шоҳтемур ширкати алоқаи мобилӣ ва интернетии «Мегафон» истифодаи ройгони Wi-Fi-ро барои алоқамандон ва меҳмонони маркази вилоят роҳандозӣ намуд. Дар маросими ба истифода супурдани он раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонаботов ширкат варзида, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳрро ба роҳбарияти Мегафон баён намуданд. Барои истифодаи алоқаи интернети Wi-Fi-и ширкати «Мегафон» дар маркази шаҳр ба таври ғайриоддӣ се ҷои нишасти сохта шудаанд. Раҳим Садоншоев – намояндаи ин ширкат қайд намуд, ки ин иқдом бо супориши раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонаботов дар муддати як моҳ роҳандозӣ гардид. Бо истифода аз шароити муҳайёгардида ба ҳар як муштарӣ ва дўстдори шабакаҳои интернетӣ дар ҳаҷми 10 дақиқа Wi-Fi-и ройгон пешниҳод карда мешавад. Дар ин макон алоқаи интернетии Wi-Fi ба муддати 24 соат фаъол хоҳад буд. Ба иловаи 10 дақикаи истифодаи ройгон аз алоқаи интернетӣ муштариён бо иловатан пардохт намудани 3 сомонӣ муддати 1 соат имкони истифода аз интирнети босуръат доранд. Иқдоми мазкур ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди таъсисёбии ширкати Мегефон роҳандози гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *