Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ доир гардид

Дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовари вилоят баргузор гурдид. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ки ҳамзамон раиси Шӯрои мазкур мебошад, ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи он шинос намуда, бобати вазъи имрӯзаи мубориза бо гардиш ва фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва дигар паҳлӯҳои масъала андешаронӣ кард. Қайд гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар воситаҳо дар мамлакат гузошта шуда, аз соли 2004 ин ҷониб Шӯрои мазкур фаъолият дорад. Фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассиса ва ҷомеаи шаҳвандӣ дар ин самт бамаротиб таҳким ёфта, заминаҳои моддию техникии ниҳодҳои марбута мустаҳкам гардиданд. Махсусан, пас аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят, дар моҳи августи соли 2018, кор дар ин самт сатҳу сифати навро касб намуд. Бо пурзӯр намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, фарҳангию маърифатӣ аз қонуншиканиҳои зиёд дар ин самт пешгирӣ карда шуд. Новобаста аз ин, то ҳанӯз мушкилоти муайян вуҷуд дошта, бо сабабу омилҳои гуногун, чанде аз сокинони вилоят даст ба муомилот ва истифодаи маводи нашъадор мезананд. Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят полковник Мирумадзода Қамар Қирон дар гузориши худ аз фаъолияти Шӯро дар давоми соли 2020 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ сухан ронда, зикр намуд, ки дар ин муддат корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз он ҷумла, дар баробари фаъолияти нақшавӣ аз ҷониби аъзоёни Шӯро ҷиҳати амалӣ намудани стратегияҳои давлатӣ ва барномаҳои соҳавӣ оиди мубориза бо ин ҳодисаи номатлуби иҷтимоӣ, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, чорабиниҳои зиёди тарғиботию ташвиқотӣ, махсусан, дар байни қишри ҷавони ҷомеа, ба роҳ монда шуданд. Бо истифода аз васоити ахбори омма ва паҳн намудани варақаҳои фаҳмондадиҳӣ ҷанбаҳои ҳуқуқии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор, зарари онҳо ба саломатии ҳар як фард, оила, ҷамъият ва генофонди миллӣ бо далелҳои асоснок ба самъи сокинон расонда шуданд.Ба воситаи амалӣ намудани корҳои оперативӣ бошад, дар соли 2020 аз ҷониби раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъадор ва Хадамоти гумруки вилоят, дар маҷмӯъ, дар ин самт 52 ҷинояти нашъаҷалобӣ ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 99 кг воситаҳои нашъадор ва наздики 42 грамм маводи синтетикии амфитамин мусодира карда шуд. Берун аз ҳудуди вилоят бошад, 15 нафар бо ҷурми даст доштан дар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ 8 адад ҳодисаи марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор гардида, аз муомилот зиёда аз 57 кг воситаҳои нашъадор бароварда шуданд.Ҳамчунин, қайд гардид, ки аз теъдоди умумии мубталоёни нашъамандӣ, 21 нафар то синни 35-сола буда, хушбахтона, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, ҷавонони то синни 24-сола аз ин вабо эмин гаштанд. Наздик ба 45 фоизи гирифторони бемории ВНМО маҳз нашъамандони тазриқӣ мебошанд.Тазаккур дода шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” тасдиқ гардид, ки мутобиқи он мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб пурзӯр гардида, аз тариқи сафарбар намудани тамоми имкониятҳои мавҷуда, сатҳи ҷинояткорӣ дар ин ҷода паст ва корҳои пешгирикунандю фаҳмондадиҳӣ тавсеаю таҳким меёбанд.Дар баромади худ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят полковник Меликзода Маҳмад Эмом таъкид бар он намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки манбаъаи асосии истеҳсол ва панҳкунандаи маводи нашъадор дар минтақа мебошад, сарҳади тӯлонӣ дорад. Солҳои охир, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон дар мавзеъҳои осебпазири сарҳадӣ зиёда аз 50 дидбонгоҳ бунёд намуд. Бо вуҷуди корҳои анҷомддодашуда бобати мустаҳкам намудани сарҳад то ҳанӯз гурӯҳҳо ва ашхоси ҷинояпеша, бо ҳар роҳу восита, маводи нашъадорро ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Аз ин рӯ, дар радифи ниҳодҳои қудратию низомӣ, дигар раёсату муассиса ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дастҷамъона зидди ин падидаи номатлуб бароянд. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовари вилоят дар ҳамаи ҷабҳаҳо ниёз ба беҳбудӣ дошта, он ба як маркази воқеии ҳамоҳангсозӣ зидди муомилоти ғайриқонунӣ ва истифодаи маводи нашъаовар бояд табдил ёбад. Сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, маориф, оила ва занон дар ин самт шеваю усули фаъолияти худро мутобиқи талабот ба роҳ монда, арбобони дин ва рӯҳониёни шинохта, вобаста ба ҷанбаи ахлоқии масъала, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро тавсеа бахшанд. Раёсату шӯъбаҳои шуғли аҳолӣ ва меҳнат тавассути омӯзиши вазъи бозори меҳнат ва ба кор ҷалб сохтани сокинон фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд, зеро имкониятҳои зиёди ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, аз он ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмон хеле зиёданд. Ҷиҳати сари вақт дастрас намудани маълумоти асосноки таҳлилӣ оиди вазъи воқеӣ дар самти мазкур, котиботи Шӯроро зарур аст, корро самаранок ба роҳ монад.Ҳамчунин, дар муҳокимаи масъала, муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят Муборакшозода Ғайратшо, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Волонтёр” Азизмамадов Марам, директори маркази ташаккули ҳаёти солим Худоёрова Шарифа, сардори Раёсати тандурустии вилоят Музаффаров Фарид, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Асадбеков Юсуф, муовини раиси шаҳри Хоруғ Муробекзода Илчай ва дигар аъзои Шӯро фикру андешаҳои худро баён намуданд.Бо назардошти баромадҳо ва таклифу пешниҳодҳо ба нақшаи фаъолияти Шӯро тағйиру иловаҳо дохил гардид.Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовари вилоят Раиси Шӯро, роҳбари вилоят Ёдгор Файзов бори дигар таваҷҷӯӯҳи аъзоёни онро ба муҳимияти масъала ҷалб намуда, зикр сохт, ки танҳо дар дастҷамъӣ ва истифода аз усулу абзори нави корӣ, дар заминаи сиёсати Давлату Ҳукумати кишвар ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мо метавонем дар масири мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва истифодаи маводҳои нашъаовар муваффақ гардем. Махсусан, фаъолиятро дар деҳоти наздисарҳадӣ васеъ ба роҳ монда, дар шуури ҷамъиятӣ бояд ҳисси қабулнопазирӣ нисбати ин падидаи номатлуб ташаккул ва мустаҳкам гардад. Аз фаъолияти Шӯрои мазкур натиҷаи самараи кори ҳамаи сохторҳои дахлдор ва умуман ҷомеа дар ин самт вобастагии зиёд дорад.Дар асоси муҳокимарониҳо ва таклифу пешниҳодҳо супоришҳои дахлдор таҳия шуда, масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *