Фаъолияти Ҳаракат дар маҳалҳо таҳким меёбад

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷаласаи навбатии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон баргузор гардид. Дар кори Шӯро Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси вилоят Ёдгор Файзов иштирок ва баромад намуд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯро муовини Раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, доктори илмҳои филологӣ Ҳоким Қаландариён, котиби Шӯро, доктори илмҳои филологӣ Абдулназар Абдулназаров, аъзои Шӯрои вилоятӣ, раиси бахши Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилоят Нилуфар Асламшоева ширкат доштанд. Раиси вилоят дар баромади худ аз таърих, омил ва сабабу ҳадафҳои таъсиси ин Ҳаракати бонуфуз изҳори андеша намуда, зикр сохт, ки дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта, ки Ҳукумати қонунии кишвар бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хотима гузоштан ба муноқишаи дохилӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик ва таъмини сулҳу субот дар ҷомеа саъю кӯшиши зиёд менамуд, зарурияти созмон додани чунин ҳаракат ба миён омад. Дар он ҳизбу созмонҳо ва ташкилоту гурӯҳҳои ба тақдири давлату миллат бетараф набуда гирди ҳам омада, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҷомеаи дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ парешони моро ба ҳам оварда, ваҳдати миллиро таъмин ва таҷдиди кулли соҳаҳои фалаҷгаштаи хоҷагии халқро ба роҳ монанд. Бархӯрдҳои ақидатӣ ва дидгоҳҳои гуногун мавҷуд буданд, аммо дар масъалаҳои стратегӣ- ҳимоят аз манфиатҳои давлатию миллӣ, арзишҳои волои умумиинсонӣ, ҳимояи принсипҳои демократӣ ва дунявияту ҳуқуқбунёдии мамлакат аксарияти аъзоёни Ҳаракат назари ягона доштанд. Ин раванд хеле мушкил ва мураккаб буд, аммо сиёсати хирадмандона, бо ба инобат гирифтани вазъи мавҷуда ва ҷоннисориҳои Сарвари Давлати Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки мо ба ҳамин рӯзҳои нек расидем.Ҳамчунин, Ёдгор Файзов дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, аз аъзои Шӯро даъват ба амал овард, ки фаъолиятро, махсусан, дар самти таблиғотию ташвиқотӣ, бо истифода аз усулҳои нави кор, ба роҳ монда, дар пешбурди сиёсати давлату ҳукумат, ки маҳз ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ нигаронда шудааст, саҳми муносиби худро гузоранд. Вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Раиси вилоят таваҷҷӯҳи аъзои Шӯроро, ки бештарашон масъули сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳо мебошанд, ба тавсеаи корҳо ва иҷрои нақшаҳо ҷалб намуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар ҳамдастӣ ва ваҳдат мо ҳадафҳои наҷибонаи худро амалӣ хоҳем сохт.Муовини Раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, доктори илмҳои филологӣ Ҳоким Қаландариён, котиби Шӯро, доктори илмҳои филологӣ Абдулназаров Абдулназар ва муовини Раиси Шӯрои Ҳаракат дар ноҳияи Шуғнон Саидарабзода Гулғунча ҷиҳати таҳкими фаъолияти шӯроҳо дар маҳал, ҷалби ҳарчи бештари аъзо ба Ҳаракат, аз ҳисоби олимону ашхоси барӯманд зиёд намудани сафи аъзоёни шӯроҳо ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти фаҳмондадиҳӣ, бавижа, дар байни қишри ҷавони ҷомеа, андешаронӣ намуда, таклифҳои судмандро пешниҳод намуданд.Ҷаласа ҳайати нави Шӯроро интихоб ва нақшаи нави фаъолияти онро бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қабул намуд. Ҳамчунин, шӯрои собиқадорони Ҳаракати мазкур дар ноҳияи Шуғнон интихоб гардид.и ещё 7161Охват (люди)26ВзаимодействияПродвижение недоступно

55Поделились: 1НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *