Мусобиқаи футбол байни кормандони идораву муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ва “Нигини Помир”

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи футбол байни кормандони идораву муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ва “Нигини Помир” Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ҳамкори бо Анҷумани Оғохон оид ба масоили ҷавонон ва варзиш дар ВМКБ мусобиқаи варзишӣ аз намуди Футбол байни кормандони идораву муассисаҳои шаҳриву вилоятӣ тайи 4 моҳ давом ёфта, дар маросими ҷамъбастии он муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода иштирок ва суханрони намуданд. Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур ҳар рузи шанбе аз соати 8:00 то 19:00 дар толори калони Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни 22 даста (идораву муассиса ва ширкатҳои мобилӣ) доир гардид. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки мусобиқаи мазкур аз тарафи ширкати барқии Помир энерҷӣ дар соли 2018, Тселл дар соли 2019, Мегафон дар соли 2020 ва дар соли 2021 Вавилон дастгирӣ ёфта, ғолибон он қадрдонӣ карда шуданд. Дар бозии финали дастаҳои АКАH -2 ва PAMIRNERGY бо ҳам рақобат намуда бо ҳисоби 4:2 варзишгарони дастаи PAMIRNERGY ғолибиятро ба даст оварданд. Варзишгарони дастаи Муассисаи давлатии Мактаби варзиши сазовори ҷойи сеюм дар ин мусобиқа гардиданд. Ғолибон бо ҷом, медал, ифтихорнома ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд. Ҳамзамон зиёда аз 30 дучарха ( ВЕЛОСИПЕД) ба иштирокчиёни ин мусобиқа тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *