ИФТИТОҲИ ФИЛИАЛИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИИ ХУН ДАР ВМКБ

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар замони соҳибистиқлоли дар баробари шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Кўлоб бори нахуст Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи марказ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» Одиназода Азиз ширкат намуда, ифтитоҳи чунин иншоотро дар вилоят ба манфиати кори шифокорон арзёбӣ карданд. Марказ дорои 15-утоқи барҳаво ва муҷҷаҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ барои нигоҳдории хун, се ташхисгоҳ, ҳуҷраи муоинаи донорон ва утоқи коркарди хун иборат мебошад. Ҳама ҳуҷраҳо бо мебел ва дигар шароити лозимаи корӣ муҳаё аст. Имрўзҳо дар Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хоруғ 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ кору фаъолият менамоянд. Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳам омада ва таъмини таҷҳизоти пешрафта ва шароити мусоиди корӣ меҳмонон шинос шуданд. Барои таъмиру таҷдиди бинои марказ 578 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ихтисос дода шуда, бо маблағи беш аз 700 ҳазор сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти корӣ барои ҳуҷраҳои корӣ харидори шудааст. Марказ ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи умумиҷаҳони донорони хун, ки ҳамасола 14-уми июн ҷашн гирифта мешавад рўйи кор омад. Бартарияти маркази номбурда дар он аст, ки бо низоми ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ пайваст буда, фаъолияти кормандонро аз пойтахт назорат менамоянд. Аз ҷониби масъулини соҳа мутахассисон дар ду давр дар пойгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Душанбе ба бозомўзӣ фаро гирифта шуда, ҳамчун табибони кордон аз ўҳдаи вазифаҳои ба онҳо вогузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ як рўйдоди муҳими таърихӣ буда, кормандони соҳаи тандурустӣ метавонанд чарроҳиҳои вазнинро аз ин ва баъд дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон анҷом хоҳанд дод. Муовини раиси Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Назира Амирбекзода аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои бунёд ва таҷҳизонидани муассисаи замонавӣ миннатдории кормандони Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии худ» дар шаҳри Хоруғро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт. Зеро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи тандурстӣ дар замони 30 соли охир дар вилоят ба дастовардҳои арзишманд ноил шуда, бо бунёд шудани беморхонаҳои замонавӣ ва дастрасӣ ба лавозимоти ҳозиразамони тиббӣ кори кормандони соҳаи тандурстии вилоятро ба дарҷаи баланд расонид. Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурстии вилоят дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷўҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, муассисаҳои соҳаи тандурстии вилоят бо дастгоҳҳои пешрафтаи тибби ҷаҳонӣ дастраси дошта, ба таври шабонарўзӣ дар хизмати мардуми вилоят қарор доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *