ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ САЛОМАТИИ МАРДУМ

Субҳи имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов директори Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Муҳаббат Баҳромовро ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят ба маъсулини Хадамоти Оғохон оид ба тандурусти барои нигоҳ доштани сиҳатии мардум изҳори сипос намуда қайд доштанд, ки Хадамоти Оғохон оид ба тандурусти дар даврони хуруҷи бемории сироятии Covid 19 фаъолияти хеле хуби тиббиро нишон доданд ва ба сокинон кумакҳои тибби бо сифати баланд расонданд. Умед аст, ки ин ҳамкориҳои судманд дар ояанда низ идома хоҳанд дошт. Директори Хадамоти Оғохон оид ба тандурусти доктор Муҳаббат Баҳромов дар навбати худ барои ҳамкориҳои судманд миёни Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатманди намуда қайд доштанд, ки бо фурсат аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳлоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои хеле хуб ноил гардидем. Қайд карда шуд, ки кушода шудани Филиали маркази тибби Оғохон дар ноҳияи Рушон ва оғози сохтон он дар ноҳияи Роштқалъа, Дарвоз ва ноҳияи Ишкошим далели гуфтаҳои боло мебошад. Маркази тибби Оғохон дар шаҳри Хоруғ ба сокинон кӯмаки тибби сифатнок расонида кушиш мекунанд дар оянда низ ин равандро идома диҳад. Ҷонибҳо зимни мулоқот баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурусти ва хизматрасониҳои тибби ба аҳолии, нархи хизматрасониҳои пулаки, омада будан ҳангоми пайдо шудани аломатҳои бемории Covid 19 миёни аҳоли инчунин интиқол додани маризон тавассути сарҳад аз давлати Исломии Афғонистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат дар маркази тибби Оғохон дар шаҳри Хоруғ ибрози андеша намуданд. Дар фарҷом Раис вилоят муҳтарам Ёдгор Файзов бори дигар изҳори хушнуди намуд, ки кушодашавии Филиалҳои маркази тибби Оғохон дар ноҳияҳои вилоят ин дастраси пайдо намудани мардум ба кумаки тибии бо сифат ва ба ҷойкор ҷалб намудани мутахассиони соҳаи тибб мебошад, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи неку аҳволии мардум такони ҷидди хоҳад бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *