Табрикномаимуовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори Иди касбии кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам кормандони Раёсат!
Собиқадорони гиромиқадри соҳа! Сараввал ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди касбиятон табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳат, хонаи обод ва дар анҷом додани ӯҳдадориҳои касбиятон бурдбориҳои ҳамешагӣ таманно менамоям!Вазъи мураккаби ҷаҳону минтақа, махсусан, дар самти тавсеаи амалҳои номатлуб, аз он ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ки заминаи пайдоиши ҷиноятҳои гуногуни дигар аст, роҳбарияти олии мамлакатро водор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо раёсати марбутаи Созмони Миллали Муттаҳид қарор оиди таъсиси ниҳоди махсус ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадорро қабул намояд . Имсол расо бисту ду сол мешавад, ки Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо ин раванди номатлуб қарор дошта, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилоят низ дар ҷабҳаи пешгирӣ ва аз муомилоти ғайоиқонунӣ баровардани ин маводи марговар саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Баҳои сазовори Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пусамари кормандони Агентии назорати маводи нашъадор, ки гуфта буданд «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарўзии Шумо – кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор аст ва Ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории Шуморо дар роҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, коҳиши сатҳи нашъамандӣ, пешгирии афзоиши он ва ҳифзи манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша қадрдонӣ мекунад» аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши шумо дар ин ҷода бориз ва шоёни таҳсин аст. Мо итминони комил дорем, ки кормандони Раёсат минбаъд низ дар ҳамдастӣ бо ҷамъият баҳри пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, коҳиши сатҳи нашъамандӣ ва солимии аҳли ҷомеа тамоми донишу таҷриба ва малакаи касбии хешро сафарбар намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мақоми Тоҷикистони азиз ҳамчун кишвари орӣ аз ин маводи марговар, саъю талош хоҳанд варзид.Бо ин таманниёти нек бори дигар кормандон ва собиқадорони Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятро самимона бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, ба якояки шумо саломативу нерўи тавоно, зиндагии пурбаракату рўзгори осуда ва дар иҷрои вазифаи душвор, вале пурифтихоратон комёбиҳо орзу менамоям!201Охват (люди)27ВзаимодействияПродвижение недоступно

1414Поделились: 1НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *