ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…

Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов маросими қадрдонии омӯзгорону шогирдони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳру навоҳии вилоят, ки дар раванди татбиқи ҳадафҳои рушди соҳаи маориф дар самти таълими иловагии кӯдакон ва наврасон фаъолона иштирок менамоянд, доир гардид. Бояд зикр намуд, ки ин чорабинӣ бо мусоидати Раёсати маорифи вилоят ва ташаббуси яке аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ- “Ҷуръат”, ки роҳбарии онро Саъдӣ Хушвахтов ба ӯҳда дорад, баргузор гашт.Дар ифтитоҳи ин маросим Раиси вилоят оиди дастовардҳои соҳаи маорифи вилоят дар солҳои охир сухан гуфта, таъкид намуд, ки маҳз тавассути дастгирии ҳаматарафаи Ҳукумату Давлати Тоҷикистон низоми таълиму тарбия таҳким ёфта, бунёди муассисаҳои нави таълимии ба талаботи замон мутобиқ шароит фароҳам овард, ки сатҳу сифати тадрису тарбият бамаротиб боло бурда шавад. Омили дигари ин пешравиҳо мустаҳкам гардидани робитаи мутақобилан судманди байни оила, мактаб ва ҷамъият мебошад. Заҳмати шабонарӯзии омӯзгорон ва дарки амиқи моҳияти донишандӯзӣ аз ҷониби хонандагон барои ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани соҳа дар вилоят такони ҷиддӣ бахшиданд. Зимнан қайд гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз худ намудани донишҳои гуногун ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмиро омили асосии рушду инкишофи давлату ҷамъият шумурда, пайваста дар сӯҳбату мулоқот ва суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ҳукумати кишвар барои қонеъ намудани талаботи соҳаи мазкур ҳамаи чораҳоро меандешад. Эълон гардидани бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиӣ, дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани озмунҳои китобхонӣ ва доир гаштани олимпиадаҳои фаннӣ имрӯз барои толибилмон шароити мусоид фароҳам меоранд, то тавассути ин зинаҳо ба қуллаҳои баландтари илму маърифат расанд. Раиси вилоят аз он изҳори хурсандӣ намуданд, ки зодагони Тоҷикистон, ки дар байнашон бадахшониён кам нестанд, имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ, дар созмону муассисаҳои бонуфуз кору фаъолият намуда, давлату миллати тоҷикро ба таври сазовор муаррифӣ менамоянд. Хиради азалии миллат эҳё гардида, ҷойгоҳи илму фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз мустаҳкам гардида истодааст.Ҳамчунин, дар ҷараёни суханронӣ Ёдгор Файзов аз комёбиҳои толибилмони вилоят дар озмунҳои соли гузаштаи сатҳи ҷумҳуриявӣ бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, дастовардҳои беназири имсолаи муҳассилини вилоятро дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, ки соҳиби 81 медал гардиданд, ифтихори кулли мардуми диёр номид. Дар ин замина, роҳбари вилоят ба ҳамаи морифчиёни вилоят изҳори сипос ва ба роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” ҷиҳати дастгирӣ дар самти омӯзиши иловагии фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ миннатдорӣ баён намуд.Сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашоҳ Мардов аз ҳамкории судманд бо шарикони рушд, аз он ҷумла ташкилоти зикршуда сухан ронда, тазаккур дод, ки таҳкими заминаҳои моддию таҷҳизотӣ ва таълимии муассисаҳо, баланд гаштани сатҳи масъулияти волидайн, омӯзгорон ва хонандагон имконият дод, ки норасоиҳои мавҷуда бартараф ва сифати омӯзиш беҳтар шавад. Натиҷаи муаваффақонаи озмуну олимпидаҳо ва сатҳи баланди дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии кишвару мамолики хориҷӣ маҳз дар ин замина ба даст омаданд.Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” Саъдӣ Хушвахтов зимни баромади худ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии он барои ҳамкорӣ миннатдорӣ ва аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки тавассути ин ҳамкорӣ ташкилот тавонист, бо мусоидати шарикони дигари рушд, зиёда аз 80 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, дар 273 курси омӯзишии он дар саросари вилоят 3117 хонанда ба таълими иловагӣ фаро гирифта шаванд.Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони фаъол ва шогирдони онҳо, ки дар озмуну олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, ифтихорномаю сипосномаҳо ва мукофотҳои молиявӣ тақдим гардиданд.Маврид ба зикр аст, ки худи ҳамин рӯз бо ибтикори Раёсати маорифи вилоят ва мусоидати ташкилоти мазкур дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни забони англисӣ таҳти унвони “Spelling Bee”, дар чаҳорчӯбаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *