МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Возможно, это изображение (3 человека, люди сидят и люди стоят)

Баҳри вусъат бахшидани фаъолияти Иттифоқи касабаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзодаро ба ҳузур пазируфт.
Маликшо Неъматзода Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ зикр дошт, ки маҳз бо ин мақсад аз рўзҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқҳои касаба барои ташкили давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баҳри ҳимояи шаҳрвандон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуи ҳам истода, дар ташкили сохтори давлатӣ саҳми арзишманд гузошт. Гуфта шуд, ки дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ чандин созишномаҳои тарафайн имзо шуд, ки ба манфиати шаҳрвандон равона гардидааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба вусъат бахшидани фаъолияти Шўрои Иттифоқи касаба таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона намуда, сол то сол фаъолияти ин нигоҳ дар корхонаву муассисаҳо беҳтару хубтар ба мушоҳида мерасад.
Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зикр намуд, ки имрўзҳо дар ҳудуди вилоят дар тамоми корхонаҳо фаъолияти Шўрои Иттифоқи касаба хуб ба назар расида, он пеш аз ҳама ба манфиати кормандон нигаронида шудааст. Сохтмони бинои замонавӣ барои чунин ташкилот лозиму зарурӣ дониста шуда, алакай дар ҳамдастӣ бо Федедратсияи Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ҳалли худро пайдо намудааст. Ҳамчунин қайд шуд, ки дар вилоят ба ташкили урдугоҳҳо барои кудакон дар таътили тобистона низ диққати зарурӣ равона гардида, новобаста аз паҳншавии бемории сироятии Ковид 19 кудакон дар таътили тобистона ба урдугоҳҳо фаро гирифта шудаанд, ки ташаббуси шурои Иттифоқи касабаи вилоят дар ин ҷода назаррас мебошад. Дар фарҷоми мулоқот аз тарафи Раиси Иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба Раиси вилоят туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *