Паёми табрикии Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба муносибати Рӯзи соҳибкорон.

Возможно, это изображение (1 человек)

Мўҳтарам соҳибкорон
Ҳамкорон ва шарикон!
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 14 октиябр иди касбӣ Рӯзи соҳибкорӣ эълон гардида, ҳамасола дар кишвар қайд мегардад. Иҷозат фармоед ҳамаи соҳибкорони ба номуси вилоятро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо Рузи соҳибкорон, табрик намоям.
Таҷлили Рузи соҳибкорон ба даврае рост омад, ки чанде пеш тамоми мардуми кишвари азизамон, минҷумла сокинони вилояти Кўҳистони Бадахшон 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гирифтанд. Истиқлолияти миллии кишвар имрӯз дар радифи ҷашнҳои муҳимтарини миллиамон ҷой гирифта, ҳамасола сазовор таҷлил мегардад. Зеро маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва кўшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чун дигар минтақаҳои кишвар дастовардҳои зиёд ба даст омад ва саҳми соҳибкорони арҷманд низ дар ин пешрафт хеле арзанда аст. Соҳибкори кардан дар шароити маҳдуди вилоят ин худ як қаҳрамонӣ, номуси баланди ватансозӣ ва хизмат ба халқу миллат буда заҳмати зиёд, масъулият, маҳорат ва истеъдоди баландро талаб менамояд. Боиси зикр аст, ки имруз соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа яке аз нақшҳои асосиро мебозад. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорони вилоят дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватани азизамон назаррас мебошад. Зиеда аз 70 фоизи даромади худии буҷаи вилоят аз ҳисоби соҳибкорон ва сектори хусусӣ буда нақши онҳо дар таъмини пардохти нафақа, маош ва кумакпулиҳо хеле бориз аст. Соҳибкорон вилоят бо хусуияти инсондустии худ машҳури олам ҳастанд, чунки чи қадар молу маводро онҳо ба шаҳрвандони ниёзманд моҳҳо ҳамчун қарз медиҳанд, ки ин бар зарари соҳибкор аст, вале боиси қадрдонии онҳо ва баркат дар касбашон мебошад. Саҳми алоҳида соҳибкорон дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободкориҳо беқиёс буда, дар обод ва зебо намудани диёр хизмати фарзондонаро анҷом доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз пуштбони соҳибкорон буда, дар ҳамаи чорабиниҳо аз хизмати содиқонаи онҳо ба миллату давлат сухан меронанд ва ташаккуроти хешро ҳамеша иброз медоранд. Бо дастури Ҷаноби Олӣ , Ҳукумати кишвар як қатор барнома ва воситаҳои гуногуни дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориро амалӣ карда истодааст. Аз ҳамин лиҳоз фазои соҳибкори ва рушди сектори хусусӣ дар ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гашта, соҳибкорони мо дар ҷомеа мақоми хосеро пайдо карданд ва бо молу хизматрасонии худ Точикистони соҳибистиқлолро дар ҷаҳон муаррифӣ доранд.
Боварии комил дорам, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ташаббус ва кушишҳои якҷояи мову шумо, шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд гардида, бахши мазкур минбаъд низ рушд меёбад.
Бори дигар шумо соҳибкоронро бо иди касбиатон табрику таҳният намуда, ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, муввафакият, рузгори обод, амалишавии ҳамаи ташаббус ва лоиҳаҳоятон таммано дорам!
Бо эҳтироми самимӣ Ёдгор Файзов
Раиси ВМКБ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *