ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ номаи сипос ба Ёдгор Файзов, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Возможно, это изображение (1 человек, стоит, на открытом воздухе и памятник)

Номаи сипос ба Ёдгор Файзов, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Аз ин пеш ба Бадахшон сафар ҳам доштам. Аз Чашмаи Носир об ҳам нӯшида будам ва аз меҳру муҳаббат, меҳмоннавозию хештаншиносии мардуми шарафманди Бадахшон баҳравар гардида будам.
Аммо, ин сафар ба Бадахшон бароям дунёи нав кушод, дунёи меҳру муҳаббат, садоқати ватандорию ватанхоҳии мардуми Бадахшонро. Соате дар хонаи падарии Шириншоҳ Шоҳтемур будам, як коса оби ширинтари Чашмаи Носирро нӯшидам. Садои Шириншоҳ Шоҳтемур аз қуллаҳои Помир ба гӯшам мерасид. Садои як ҷавонмарди ҷавонмарги ватанхоҳу ватанпараст.
Дар театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров баъди тамошои филми мустанади «Шириншоҳ Шоҳтемур» ашк рехтам. Суханони пурҳарорати раиси вилоят, муҳтарам Ёдгор Файзов дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур ман ва ҳамроҳонамро ба умқи хештаншиносию худшиносии миллӣ бурд.
Ин ҳақиқат аст, ки Шириншоҳ Шоҳтемурро мо тавассути Пешвои маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохтем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷашни 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур 20 октябри соли 2009 изҳор намуданд, ки «Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри 20 рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он иҷро намуда, тамоми қувваю дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртаззоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш ва сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст».
Ин ҳақиқат аст, ки муҳтарам Ёдгор Файзов 5 октябри соли 2021 бо ифтихор гуфт: «Ин давлати муқтадири тоҷикон дар натиҷаи зулму истибдоди аҷнабиён ба парокандагӣ дучор шуд. Аммо дар ҳар давру замон иродаву тасмими дурусти шахсиятҳои ватандӯсту аз сиёсати замон огоҳ миллатро аз парокандагиву парешонҳолӣ наҷот медоданд, ки яке аз чунин чеҳраҳои сиёсӣ Шириншо Шоҳтемур ба шумор меравад. Бо чунин вазъияти печидаву мураккаб ҳатто дар охири асри 20 низ халқи тоҷик рӯ ба рӯ гардид, аммо ин бор фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонфидиҳои беши хеш нагузошт, ки ватану миллат аз ҳам пош бихӯранд»
Сипос ба муҳтарам Ёдгор Фаёзов, ки Озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар сатҳи хеле баланд, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар Бадахшон ҷамъбаст намуданд.
Зиҳӣ мардуми сарбаланд ва шарафманди Бадахшон!
Рӯҳат шод ва хонаи охиратат обод фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур!
Сипос ба Ёдгор Файзов, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои меҳмондӯстию оини ҷавонмардиаш.
Раҳимзода Қурбонали сардори Раёсати кор бо кадрҳо, ташкили ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *