ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҷиҳати шиносои бештар пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмонӣ дар партовгоҳи маишӣ воқеъ дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ, ки дар асоси лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфрасохтор дар шаҳри Хоруғ” ба нақша гирифта шудааст, дидан карданд.
Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғ соли 2015 таҳия гардида соли 2018 бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи Воҳиди давлатии хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ин лоиҳа мавриди амал қарор дода шуд.
Партовгоҳ дар ҳудуди 2 гектар замин бунёд гардида аз партовгоҳи маишӣ, бинои маъмурӣ, қабулгоҳ ва нуқтаи шустушўи нақлиёт иборат мебошад. Корҳои сохтмониро дар ин пружа аз ҷониби Ширкати озарбойҷонии «Ҳайат- гурўҳ» дар ҳамдастӣ бо ҶДММ «Бунёд» ва ширкати Назрӣ ҷараён гирифта дар корҳои сохтмонӣ беш аз 90 фоизи кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Лоиҳаи идоракунии партовгоҳи сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 2 млн 400 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардида, 70 фисади маблағҳо аллакай аз худ карда шуданд.
Масъулин ният доранд то фарорасии фасли зимистон корҳои бунёдиро ба итмом расонда иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *