ГУЗОРИШИ МОНИТОРИНГИ БАРНОМАИ “УСТУВОРГАРДОНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ” Октябр 2021

Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят, дерево и на открытом воздухе)

Ҳайати Кумитаи Идоракунии Барномаи “Устуворгардонии шаҳри Хоруғ” аз ҷумла, Нурали Риозода – муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳусния Одинамамадова – Муовини сардори Раёсати шаҳрсозӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиксистон ва Ҷамила Байдуллоева – Муовини сардори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги лоиҳаҳои Азнавсозии Маркази ҷавононро дар шаҳри Хоруғ ва барқароркунии чор чоҳҳои амудии обкашро дар шаҳри Хоруғ гузарониданд.
Намояндагон дар Маркази Ҷавонон сараввал бо роҳбарон ва намояндагони ҷавонони ВМКБ ва шаҳри Хоруғ вохури доир намуда, аз шароити нави марказ ва хизматрасонии он бо бошандагони вилоят сӯҳбат намуданд. Дар баробари ин, намояндагон бо истифодабарандагони хизматрасонии марказ бахусус, ҷавононе, ки бо рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди илмҳои компютерӣ ва технология, дастгирии мактаббачагони болаёқат дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ, истифодабарии хизматрасонии шабакаҳои интернетӣ ва таъминӣ ҷавонон аз ҷойи кор ва дигар ҷавонон бо тренингҳо ва омӯзишҳо сарукор дошта, вохури намуда, қаноатмандии онҳоро нисбати бо сифати баланд азнавсозӣ намудани марказ ва шароиҳои хуби фароҳам овардашуда дар марказ мушоҳида намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бинобар сабаби бо сифати баланд анҷом доданӣ корҳои сохтмонӣ, дизайн ва шароити хуби кории марказ муассисаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хусусӣ соҳиби утоқҳои корӣ ба тариқи иҷоравӣ шуда, муроҷиатномаҳо ба суроғаи маъмурияти маркази ҷавонон то ҳол ирсол шуда истодаанд.
Айни ҳол маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ дорои чор шоёна буда, ошёнаи якум дорои ҳашт утоқ, ошёнаи дуюм сенздаҳ утоқ, ошёнаи сеюм ҳашт утоқ ва ошёнаи чорум, ки аз нав сохта шудааст, дорои шаш утоқ ва як китобхона буда, ҷамъ 1,200 м2-ро ташкил медиҳад. Дар марказ тақрибан зёда аз 500 ҷойи корӣ ва шароити васеъ барои гузарондани ҳамаи намуди чорабиниҳо муҳайё гардидааст.
Лоиҳаи азнавсозии маркази ҷавонон бо дастгирии Дафтари ҳамкории Швейтсария, Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Фонди Огохон оид ба макони зист амали карда шуд. Барои расман қабул намудани марказ ва оғоз кардани фаъолияташон, Нурали Риозода – муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ, ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист барои расми кардани ҳуҷҷатҳои марказ ва таъсиси комиссияи техникӣ барои ба тавозуни мақомоти шаҳр супоридани марказ маслиҳатҳои муфид доданд. Илова ба ин барои дар оянда самаранок истифода бурдани хизматрасониҳо дар марказ ба намояндагони мақомот пешниҳодҳои муфид доданд.
Мониторинги навбатӣ аз Барномаи барқароркунии чор чоҳҳои амудии обкашӣ дар шаҳри Хоруғ оғоз гардид.
Намояндагон бо кормандони Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ дар назди чоҳҳои амудӣ вохури намуда, аз ҳолати ногуоври онҳо пеш аз татбиқи лоиҳа маълумоти муфассал гирифтанд. Қайд карда шуд, ки пеш аз барқароркунии чоҳҳои амудӣ, корхона барои таъмини қисми зиёди аҳолии шаҳри Хоруғ бо об мушкилоти ҷиддӣ доштанд ва дар як руз аҳолӣ бо об танҳо 3 соат саҳарӣ ва 3 соат бегоҳӣ таъмин буду халос. Айни ҳол бошад бо барқароркунии 4 чоҳи амудии пуриқтидори обкашӣ, қисми зиёди аҳолии шаҳр дар як руз зиёда аз 12 соат аз оби ошомиданӣ таъмин карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки мақомоти маҳаллии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист барои азнавсозӣ ва таъмирӣ се чоҳи амудӣ дар дигар мазеъҳои шаҳри Хоруғро мавриди гуфтушунид қарор доданд. Ҷамъ дар шаҳри Ҳоруғ ҳафт насоси обкашӣ амудӣ дар соли 2021-2022 ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол ҳисоботи молиявии лоиҳаҳо мавриди омӯзиш ва омодакунии ҳуҷҷатҳо қарор дошта, бо гузориши мушаххаси фаъолиятҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *