ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ВМКБ

Возможно, это изображение (4 человека и люди стоят)

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов омӯзгоронро бо иди касбиашон самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки боиси хушнудӣ аст, ки имсол ҷашнгирии Рӯзи муаллимон ба санаи муҳими таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки омӯзгорони вилоят новобаста ба вазнинии мушкилоти рӯзгор нагузоштанд, ки дари мактабҳо баста гардад. Онҳо бо заҳмати зиёд на фақат раванди таълиму тарбияро дар он лаҳзаҳои душвор таъмин намуданд, балки корашонро идома дода, шогирдонеро тарбият доданд, ки тӯли си соли истиқлолияти давлатӣ барои халқу миллат хизматҳои шоён намуданд.
Оғози ташаккули ҳаёту фаъолияти ҳар инсон аз тарбияи омӯзгор шуруъ шуда, мавқеи ӯ дар таърихӣ тамаддуни башарӣ ҳамчун муҳандиси рӯҳи инсон, чароғи раҳнамо ва парчамбардори илму маърифат дар пояи баланд арҷгузорӣ шудааст.
Роҳбари давлат пешаи омӯзгориро муқаддастарин касби рӯи олам медонад ва дар рушди давлатдорӣ ва шукуфоии имрӯзу фардои кишвар мақому мартабаи омӯзгорро хеле муҳим арзёбӣ менамояд.
Таъкид шуд, ки Сарвари давлат зимни сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, пеш аз ҳама аз мактабу муассисаҳои таълимӣ дидан мекунад, бо омӯзгорон суҳбату мулоқот доир менамояд, барои бартарафсозии нуқсу камбудиҳо, рушди минбаъдаи соҳа супориш медиҳад.
Хушбахтона, Тоҷикистон имрӯз дар дунё аз нуқтаи назари дастрасӣ ба мактаб яке аз ҷойҳои намоёнро касб мекунад ва ҳатто ба давлатҳои абарқудрати дунё, ки солҳо арзи ҳастӣ доранду дорои иқтисоди қавӣ мебошанд, муяссар намешавад, ки 98 фоизи кӯдаконро ба мактаб фаро гиранд.
Пешвои миллат дар таълиму тарбия дастрасӣ доштани омзӯгорон ба ҳамаи манбаъҳо, аз ҷумла интернет, китоб, китобхона, маҷалла, курсҳои омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани маҳорати касбӣ, беҳтар намудани инфрасохтори маориф, бахусус сохтмони кӯдакистонҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, нақши муаллим дар баланд бардоштани маърифати мардум ва таълиму тарбия муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар таълиму тарбияи фарзандон нафақат омӯзгорон аст, балки волидайну аҳли ҷомеа низ саҳмгузор бошанд. Мо, бояд фарзандонамонро ҳама вақт ба донишомӯзӣ, ватанпарварию ватандӯстӣ ҳидоят намоем.
Дар чорабинӣ инчунин сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов ва ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Юсуфзода Гулзорхон суханронӣ намуданд.
Иддае аз омӯзгорон ва маорифчиёни вилоят бо ифтихорномаи Раиси вилоят ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Баромади аҳли фарҳанги вилоят анҷомбахши ин чорабинӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *