ДАСТОВАРДҲОИ БАРНОМА

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и на открытом воздухе)

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андресс Профман ва директори Барномаҳои ҳамкории Олмон Вулф Ҳендрик пас аз мулоқот аз дастовардҳои барнома аз наздик шинос гардиданд ва барои соҳибкороне, ки фаъолияти соҳибкории худро дар асоси барномаҳои Маркази соҳибкорӣ оғоз намуданд барору комёби таманно намуданд. Зеро дар намоишгоҳ маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тозаи Куҳистони Бадахшон гирдоварӣ шудааст, ки ҳоло дар бозори ҷаҳони талабгорони зиёд дорад.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни баромад бори дигар аз ҳамкориҳои дуҷониба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Федеративии Олмон ва рушди минбаъдаи он ибрози назар намуд.
Гуфта шуд, ки нақш ва саҳми Ҳукумати Федеративии Олмон дар бунёди як зумра неругоҳҳои барқии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозорҳои назди сарҳади ва купрукҳо хеле бузург мебошад. Дар баробари шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҳамзамон бо маблағгузории Ҳукумати Федеративии Олмон дигар минтақаҳои кишвар низ аз кумакҳои онҳо бархурдор мебошанд. Раиси вилоят аз соҳибкороне, ки дар асоси барномаи Маркази соҳибкори ба фаъолият шуруъ намуданд, муроҷиат намуд, ки аз имокниятҳои имруза самаранок истифода намоянд, зеро ин корҳо ояндаи дурахшон доранд ва Шумо дар ояндаи наздик таъминкунандагони асосии ҷои корӣ ва бозори маркази бо маводи озуқавори хоҳед буд.
Сафири Ҷумҳурии Федератиии Олмон ва директори барномаҳои ҳамкории Олмон низ дар навбати худ аз ҳамкории дуҷониба ибрози назар намуда арз доштанд ,ки ин ҳамкориҳо даҳсолаҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт. Қайд гардид, ки барномаҳое, ки алакай маблағгузори шудаанд, натиҷаи хуб дода минбаъд низ чандин барномаҳои нав дастгири хоҳанд шуд.
Роҳбари вилоят бо ҳайҳати меҳмонон аз шарту шароити утоқҳои омузишии Маркази навтаъсиси соҳибкорӣ дидан намуда барои тайёр намудани мутахассисони оянда ба кормандон барору комёби таманно намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *