Оғози сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Роштқалъа

Оғози сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Роштқалъа.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншоотҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти маҳаллӣ ва сектори хусусии ноҳияи Роштқалъа дидан менамоянд.
Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Помир Энержи муассисаи таълимӣ рақами 10 деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа таъмир гардидааст. Инчунин сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа оғоз гардидааст.

Зимни сафари кори ба ноҳияи Роштқалъа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо сокинони ноҳияи Роштқалъа суҳбату вохӯриҳоро баргузор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *