Тачлили 25 солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар чорабини бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси вилоят кормандони ин соҳаро бахшида ба рӯзи касбиашон табрику муборакбод гуфта қайд намуданд, ки ба таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Дар ин муддат ин ниҳод ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Воқеаҳо, ки дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ва Хостави ноҳияи Дарвоз рух доданд, аввалин сохторе, ки мардум бо умеди наҷот додан нигаристанд ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон буд. Инчунин дар чорабинии идона бахшида ба рӯзи касбии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *