ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМУЗГОР ДАР ВМКБ

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов “Рӯзи омӯзгорон” бо тантана таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии идона раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз номи мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҳамаи омӯзгоронро бо иди касбиашон табрик намуда қайд карданд, ки “Имрўз дар саросари кишвари маҳбубумон яке аз идҳои касбии барои ҳамагон мўътабар – «Рўзи муаллим» ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирии иди касбии омўзгорон -– ин худ як навъи эҳтирому арҷгузории давлат ва тамоми аҳли љомеа ба фаъолияти арзишманду таќдирсози омўзгорон дар таълиму тарбияи наслҳои имрўзу фардои миллат мебошад. Омўзгор парваришгари ақлу хирад, таълимдиҳандаи касбу ҳунар буда, дар заминаи арзишҳои маънавию ахлоқӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, минҷумла насли наврасро тарбия намуда, симо ва рисолати инсонро мўътабар месозад. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми омўзгорон, кормандони соҳаи маорифро ба ифтихори иди касбӣ- «Рўзи муаллим» аз номи Мақомоти иҷроияи ​ ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан аз​ номи худам самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ дар кори ниҳоят душвору масъулиятнок ва дар айни замон пуршарафу боифтихор комёбиҳои беназирро таманно дорам”.
.
​ Инчунин дар чорабинии мазкур аз номи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаҳо, мукофотҳои пулӣ, медалҳо ва тӯҳфа барои собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки беҳтарин санъаткорони вилоят барои омӯзгорон пешкаш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *