КОРОНАВИРУСӢ 2019- n COV ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ.

Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба маълумоти шаҳрвандон ва сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мерасонад, ки овозаҳо оиди ба қайд гирифтани коронавирусӣ 2019-n CoV дар ноҳияи Мурғоб асос надоранд.
Ҳамзамон иттило медиҳад, ки вобаста ба вазъи эпидемикӣ коронавирусӣ 2019-n CoV дар Ҷумҳурии Халқии Чин, бо назардошти робитаи зич бо Ҷумҳурии Халқии Чин тавассути гузаргоҳи Қулма дар нуқтаи назорати санитарии карантини Қулма чорабиниҳои назоратии зидди эпидемикӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар нуқтаи назоратии санитарии карантинии (ННСК)-и “Қулма” айни замон 1-табиби эпидемолог ва 2-ёрдамчии духтури эпидемолог фаъолият доранд. Дар ННСК-и Қулмаи ноҳияи Мурғоб, 1-адад ҳароратсанҷаки дистансионии бадан, 4-адад ҳароратсанҷ, 4- воситаҳои фардии муҳофизатии махсус (индивидуальное средство защити и защитные кастюмы) ва инчунин маводҳои безараргардониву ниқобу дастпӯшак ба таври кофӣ мавҷуд мебошад.
Ба беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб 25-воситаҳои фардии муҳофизатии махсус,1350-дастпӯшак, 70-респератор, 400-ниқоб, 2-хилъат, 12-пробирка барои гирифтани намуна барои ташхис дастрас гардонида шудаанд.
Айни ҳол дар беморхонаи Конақурғон 15 нафар ва дар касалхонаи ноҳиявӣ 4 нафар дар карантин буда таҳти назорати табибон қарор доранд. То ин замон дар ягон нафари онҳо нишонаҳои бемории корона вирус пайдо нагардидааст. Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафаре, ки аз Ҷумҳурии халқии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад 14 руз бояд дар зери назорати табибон қарор гирад.
Вазъият дар зери назорати қатъии Раёсати тандурустӣ ва сохторҳои он қарор дода шудааст ва дар нохия ситоди доимоамалкунанда фаъолият карда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *