Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар

Модарони меҳрубон!
Бонувони арҷманд!

Фарде меҳрубонтарин, инсоне комилтарин, шахсе азизтарин, одаме бузургтарин дар рӯйи олам чун Модар нест. Биҳишти рӯйи замин оғӯши гарми Модар буда, меҳри ӯ монои сахои офтоб бекарона аст. Муҳаббатомезтарин дуо дуои Модар аст ва беҳтарин суруде ҳамчун аллаи Модар вуҷуд надорад. Лаҳну овои Модар аз суруди ҳазордастон хуштар аст ва ҳарфи Модар ширинтарин сухан ба ҳар фардест. Бузурге бузургтар аз Модар нест, тавоное тавонотар аз Модар нест, баъд аз Худои мутаол шарифтарин мавҷуде ҷуз Модар нахоҳад буд.

Эй хонаХудо, ба мулку манзил, модар,
Аз нури Худо гирифта қандил, модар.
Ман кашфи бузургият бикардам, ки туӣ,
Аз баъди Худо бузург дар дил, модар.

Модар фардест, ки дар меҳрубониву саховат, қадру манзалат, иззату ҳурмат миёни одамон ҳамтое надорад ва ӯ нигаҳбону афрӯзандаи чароғи ҳар хонадон буда, дилсӯзтарину донотарин раҳнамо барои фарзандон мебошад.
Зан – Модар дар зиндагӣ, дар ҷомеа, дар ҳар кишвару давлат, бидуни муҳоботу муболиға, мақому манзалати басе баланд дорад ва аз ин рӯ, ҷойи ӯро ҳар фарде, ҳар қадар донову тавоно ҳам бошад, гирифта наметавонад. Меҳру муҳаббатеро, ки Худованди якто дар дили Зан – Модар ҷо додааст, дар дигар мавҷуде наметавон ёфт, зеро муҳаббати ӯ ба фарзанд, умуман, ба инсон беандоза аст ва онро наметавон ба чизи дигаре қиёс кард.
Сафою покӣ дар вуҷуди Модар нуҳуфтааст ва ин тамизу покӣ дар ҳар рафтору гуфтору кирдораш таҷассум меёбад ва ё худ ҳар тасмиму кори Модар аз ҳама гуна сиёҳиву олудагиҳо дур буда, поку беолоиш мебошад.
Тавъам бо фасли баҳор расидани Рӯзи Модар, ҷашни бонувон кори тасодуф набуда, боз ишораест ба бузургии Зан – Модар, чун айёми баҳор табиат зинда мешаваду дашту даман мешукуфад, Зан – Модар низ дар зебоӣ ва тароват ҳамсони баҳор буда, ҳаётбахши инсон дар рӯйи замин аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар эҳтироми бузург дошта, дар ин замина махсус таъкид менамояд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем.
Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад».
Тавре аз ин суханони волои Пешвои миллат бармеояд, дар бузургӣ касе ҳамтою ҳампойи Модар нест ва ҳатто сари таъзим фуруд овардан дар назди Модар наметавонад он ҳама ҳурмату эҳтиром ба ӯ, он ҳама бузургии ӯро дар худ ғунҷонад.

Дар ин лаҳзаҳои шодиофарин ва гуворо ҳар яки Шуморо бо фарорасии баҳори нозанину махмалпӯш ва ҷашни муборакатон – Рӯзи Модар ва бонувон бо хушнудиву мамнуният табрику таҳният мегӯям, ба Шумо сарсабзиҳо, виқору тамкини кӯҳҳои Бадахшон, шукуфоиву перостагии баҳори дилкушоро таманно мекунам!
Бигзор, гули ханда дар лаби модарону бонувони Тоҷикистон шукуфо бошад!
Бигзор, оромиву амният, ки беҳтарин таманнои модарону бонувон аст, дар кишварамон ҷовидона пойдор бошад!

Бигзор, хандаи тифлону аллаи модарон дар фазои Тоҷикистон ҳамеша танинандоз бошад!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *