ТабрикномаиРаиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори таҷлили Рӯзи МодарМодарони меҳрубон!

Бонувони азиз!Аз замони пайдоиши одам то ҳол дар таърихи башар шахсияте набудааст, ки аз Модар азизтару мушфиқтар бошад, аз ин рӯ, дар тамоми рӯйи олам барои инсон Модар беҳтарин, меҳрубонтарин ва азизтарин мавҷуд аст. Дар Модар саховати Офтобу тамкини замин, таровати баҳору матонати куҳ нуҳуфтааст. Бунёди саодатмандиву шукуфоии ҳар диёр ба Зан – Модар рабт дошта, хушии рӯзгору умедбахши зиндагӣ, сутуни хонадону раҳнамои фарзандон, ҳодии бахти сафеду шамъи фурӯзони ҳаёт маҳз Модар мебошад. Кушояндаи ҳар муаммову гиреҳи зиндагӣ дасти дуои Модар аст, зеро дуои Модар ба даргоҳи Худованди мутаол иҷобат мешавад. Сарафрозиву нерӯи созандагии инсон аз меҳру муҳаббати бекаронаи Модар оғоз мегирад. Муҳаббати Модар ба ҳаддест, ки ҳатто вазнинтарин гуноҳро ба ҷуз Худои якто танҳо / метавонад бубахшад, чунки Худованд чунин бахшандагиро фақат дар дили Модар ҷо додааст. Тинати поку меҳри беолоиши Модар ба рӯзгори мо нуру сафо ато менамояд, хилқати офарандаи Модар ҳар хонадонро ободӣ меорад, меҳри беинтиҳои ӯ дар дили фарзандон тухми муҳаббату некӣ мекорад. Дар фасли баҳор, айёми бедории табиат ва шукуфоиву сарсабзии дашту даман расидани Рӯзи Модар худ аз сиришти поку нияти холис ва муҳаббати офарандаи ӯ дарак медиҳад. Нерӯи тавонманд ва таконбахши ҷомеа Модар ҳисоб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саодати рӯзгору ободии диёрро дар Модар мебинанд: «Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.Бонувони мо собит намудаанд, ки ин рисолати пуршарафро бо сари баланд ба иҷро расонида метавонанд.Офарандаи бахти аҳли башар, файзбахши меҳру вафо – Зан-Модар аст. Ин ҳама бузургиву беназирии Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи гуворои он “Рӯзи Модар” таҷлил карда мешавад». Фарде, ки тарбияи модарро дидаасту аз меырубонии ӯ бархурдор будааст, умре хушбахтии худро аз меҳри модар меҳисобад, умре дар ҳар кор дуои неки ӯро мегирад ва ҳастии худро бе ӯ наметавонад тасаввур бикунад ва тамоми ҳаёташ модарро қадрдонӣ хоҳад намуд. Фарзанди нек ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ ҷо, дар ягон макон меҳру муҳаббат, ранҷу зазмати модарро фаромуш намекунад. Модар омузгорест, ки фарзанд дарси нахустини адабу ахлоқро аз ӯ меомузад, ба ин маъни аввалин мураббиву тарбиятгари инсон модар мебошад. Ба ин хотир аст, ки тамоми родмардону мардони майдон, бузургони илму адаб, суханварони мумтоз Модарро ҳамду сано гуфтаанд. Нависандаи машҳури фаронсавӣ Оноре де Балзак дар васфи Модар чунин мегуяд: «Модар нафарест, ки зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад. Модар калимаест муқаддас ва мафҳумест чун ин дунё беоғозу беанҷом.Ҳамзамон модар рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбиявии маънавии ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву нерӯи тавонои офарандагии зан – модар бастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободиву субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад. Барои мо ҷойи ифтихору сарбаландист, ки модарони тоҷик барои Ватан фарзандони хушманду бохирад, хушхулқу поксиришт, донишманду закӣ ва ватандору баору номус тарбия намуда ба камол мерасонанд. Ҳамин тавр, нащши зан – модар дар ободии кишвар, вусъати кори созандагиҳо дар ватан бисёр бузургу арзанда мебошад. Маҳз ба ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни Рӯзи Модар мақоми давлатӣ дод, ки ин аз мақому манзалати хос бархурдор будани занону модаронро дар мамлакати мо собит месозад. Дар ин самт рӯйи кор омадани Фармони Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2001 – 2010» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» аз шумули муҳимтарин асноди меъёрӣ – ҳуқуқие хисоб меёбанд, ки мавқеи занро аз дидгохи конун тахким бахшидаанд. Имрӯз занону духтарон на танҳо дар идоракунии давлат, балки дар рушди соҳибкорӣ низ саҳмгузоранд. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019 – 2021 – ро «Солҳои рушди деҳот, сайёхи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда буданд ва дар ин росто низ занону модарон пешсафанд, зеро эҳёи бисёр ҳунарҳои мардумии азёдрафта маҳз ба ҳунару кордонии онҳо вобаста аст. Бешубҳа, бонувони тоҷик дар рушду такмили ҳунарҳои мардумӣ нақши ҳалкунанда хоҳанд бозид. Дар ин лаҳзаҳои нишотангез ҳамаи модарони меҳрубон, бонувони гиромищадр ва духтарони арҷмандро бо фарорасии Рӯзи Модар ва омад – омади баҳори гулбез бо самимияти хос табрику таҳният мегӯям, ба ҳамаи онҳо сиҳатманд=, табъи шукуфо, хонаводаи ободу рӯзгори бегазанд таманно мекунам! Ид муборак, модарони азиз!10 450Охват (люди)1 853ВзаимодействияПродвижение недоступно

213Вы и ещё 212Комментарии: 34Поделились: 41НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *