ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР ВМКБ

Субҳи имруз дар театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров чорабинии тантанавӣ бахшида ба муносибати Рӯзи модарон бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва дигар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, соҳибкорон аз ҳисоби занон ва бонувон иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ Раиси вилоят муҳтарам Ëдгор Файзов зимни суханронии худ ҳамаи занон ва модарони вилоятро ба муносибати Рузи модарон табрик ва муборакбод намуда кайд доштанд, ки дар фасли баҳор, айёми бедории табиат ва шукуфоиву сарсабзии дашту даман расидани Рӯзи Модар худ аз сиришти поку нияти холис ва муҳаббати офарандаи ӯ дарак медиҳад. Нерӯи тавонманд ва таконбахши ҷомеа Модар ҳисоб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саодати рӯзгору ободии диёрро дар Модар мебинанд: «Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.Бонувони мо собит намудаанд, ки ин рисолати пуршарафро бо сари баланд ба иҷро расонида метавонанд.Офарандаи бахти аҳли башар, файзбахши меҳру вафо – Зан-Модар аст. Ин ҳама бузургиву беназирии Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи гуворои он “Рӯзи Модар” таҷлил карда мешавад». Инчунин дар чорабинӣ як қатор занону бонувон барои саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти соҳаи иқтисодию иҷтимоии вилоят бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Раиси ВМКБ қадридонӣ гардиданд.Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандони вилоят пешкаши иштрокдорон гардид.Бахши таҳлилӣ – иттилоотии дастгоҳи Раиси ВМКБи ещё 272 270Охват (люди)438ВзаимодействияПродвижение недоступно


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *