АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢ Мурғоб.

«Якҷилва» ба фаъолият оғоз кардСаволи аввалине, ки аз ҷониби хабарнигорон ба муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб Исрорзода Исрор Наврӯзшоҳ пешниҳод гардид, таъсири роҳбандӣ аз ҷониби Қирғизистон ба вазъи бозори истеъмолӣ, таъмини аҳолӣ бо озуқа, сӯзишворӣ, молҳои ниёзи аввал ва хизматрасонӣ алоқаманд буд ва мувофиқи посухи ӯ таъсири роҳбандӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя аслан эҳсос намешавад. Ҳукумати мамлакат бо ҳидояти Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолии ноҳия бо озуқа, сӯзишворӣ, молҳои ниёзи аввал, инчунин таъмини фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст. Дар бозору марказҳои савдо, дӯконҳо орд, равған, шакар, биринҷ, меваю сабзавот ва дигар намудҳои озуқаворӣ ва дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳамаи намудҳои сӯзишворӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, нархи онҳо аз нархи дигар ноҳияҳои вилоят фарқ надорад. Зимистони имсола дар Мурғоб ниҳоят сарду тӯлонӣ буд, аммо омодагии саривақтӣ ба ин фасли сол имконият дод, ки мушкилоти ҷиддие дар таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва фаъолияти муассисаҳои роҳсозӣ ва иҷтимоӣ эҷод нагардад. Рушди Мурғоб, ба ноҳияи худмаблағгузор табдил додани он ба ташкил ва пешрафти саноати кӯҳӣ алоқаманд аст. Фақат фаъолияти яксолаи корхонаи маъданкоркунии «Якҷилва» имкон дод, ки ба буҷаи худии ноҳия як миллион сомонӣ ворид шуда, бо ин маблағ як қатор масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳалли худро ёбанд. Аз 200 нафар коргароне, ки дар ин корхона кор карданд, теъдоди бештарашон сокинони маҳаллӣ буданд. Корхона бар иллати иқлими сард соле 200 рӯз кор мекунад. Соли гузашта бар асари хуруҷи бемории коронавирус умуман фаъолият накард. Хушбахтона, аз охири моҳи май он ба фаъолият оғоз кард ва ба буҷаи ноҳия аз ҳисоби фаъолияти чандрӯза алаккай 40 ҳазор сомонӣ ворид гашт. Имрӯз яке аз вазифаҳои афзалиятноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмини аҳолӣ бо ҷои кор мебошад,- гуфт Исрорзода Исрор Наврӯзшоҳ. Таъмини аҳолӣ бо ҷои кор маҳз ба ташкили чунин корхонаҳо, рушди соҳибкории хурду миёна дар самти бунёди корхонаҳои хурди маҳсулоти чорво, ҳунарҳои мардумӣ, инфрасохтори сайёҳӣ алоқаманд аст.2 753Охват (люди)357Взаимодействия-1,5x нижеПоказатель распространенияПродвижение недоступно

2929Комментарии: 1Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *