ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР МАРКАЗИ ВМКБ ШАҲРИ ХОРУҒ

Таҷлили ҷашнии Наврўзи оламафруз дар қатори дигар шаҳру навоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид. Бошандагони Боми Ҷаҳон ҷашни Наврӯзи фархундафолро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва бо самимияти хосаву нишоту хушҳолии беандоза дар Боғи фарҳанги фароғатии шаҳри Хоруғ истиқбол намуданд.Ҳайати меҳмонон бо роҳбарии Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунармандони соҳибфарханги Боми ҷаҳон дидан намуда, ба маҳорати баланди хунарофари, омода намудани таомҳои хоси Наврӯзи ва дастранҷи гирдовардашдаи хоҷагиҳои деҳқононии шаҳру навоӣ вилоят баҳои сазовор гузоштанд. Баъди тамошои намошгоҳи Наврӯзи раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ кулли сокинони шарафманди маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғро ба муносибати таҷлили Наврӯзи хуҷастапай самимона шодбош намуд. . Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов бо самимияти хоса кулли мардуми сарафрозу ватандусти ВМКБ-ро бо таҷлили арзанда аз ҷашни Наврузи хуҷаста муборакбод намуда иброз дошт, ки халқи шарафманду фархангдусти тоҷик хусусан бошандагони Боми ҷаҳон имсол Наврӯзи хушиқболро дар рўҳияи баланди бунёдкориву созандагнӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни мубораку муқаддас 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоянд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо ёдовари аз суханони Пешвои миллат Президенти Чумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, баҳори имсоларо баҳори Истиқлол ва Наврўзи имсоларо Наврўзи Истиқлол ном бурд.Гуфта шуд, ки ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат аз зумраи муҳимтарин ва муқаддастарин оинҳои миллӣ мо буда тамоми шукуҳу азамат ва таъриху тамаддуни куҳани мо дар он таҷассум меёбад. Дар ин росто гуфта шуд, ки Наврӯз васлгари дирӯзу имрӯз буда ҳимоягари суннатҳои волои ниëгони фарҳангдустӣ мо донита мешавад. Ба намояндаги аз номи Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло тамоми сокинони сарафрози ВМКБ-ро бо фарорасии яке аз ҷашнҳои муқаддастарини миллати тоҷик Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуда он нуктаро таъкид дошт, ки дар таърихи фарҳангӣ мардуми ориёи хеҷ як анъана ва расму ойине ҳамчун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Зеро Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои зебоишиносӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон ба ҳисоб меравад. Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин чашни куханбунёд, рамзхои неки Наврузи ва эхё шудани он дар даврони сохибистиклолии мамлакат сухан намуд. Имсол ба расман ҷаҳонишавии ҷашни Наврўз расо 11 сол сипари гардид, ва мо тоҷикон имрўз ифтихор аз он дорем, ки ин ҷашни миллии мо фарохтар аз марзҳо рафта аввалан дар минтақаи мо ва сипас дар ҷаҳон мавқеъ ва манзалати худро пайдо намуд.Базми Наврӯзии бошандагони ВМКБ бо ҳунарнамоии аҳли санъату фарҳангии вилоят таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» басо ҷолибу диданӣ гардид. Ҳунармандони вилоят дар ин рўз беҳтарин суруду таронаҳои наврўзии худро пешниҳоди сокинону меҳмонон гардониданд, ки таранумкунандаи Наврўзи ҷаҳонӣ ва баҳори нозанин буд.