РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ҶАВОНИ БИНИШВАР ВА СИЁСАТМАДОРИ АДЛГУСТАР

Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёду фарҳангии дунё будани миллати тоҷикро ба ҷаҳониён собит намуданд. Дар таърихи сисолаи соҳибистиқлолӣ халқи шарафманди тоҷик ба қавли Пешвои миллат «даврае мушкил, ҳассос, вале пур аз ифтихору сарбаландию комёбӣ»-ро аз сар гузаронд. Имрўзҳо ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шудем. Чун вазъи геополитикии минтақа мураккабтар шуда истодааст, масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ ва суботу амнияти кишвар аз пештар дида аҳаммияти ҷиддитар касб намудааст. Дар даврае, ки аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштем, ниёзи давлату миллат ба ҷавонони соҳибфанну соҳибфаҳм зиёдтар шуда истодааст. Бесабаб нест, ки Ҷаноби Олӣ ҷавононро захираи зеҳнии тиллоӣ, қувваи бузургу нерўи созанда ва ояндаи миллат меҳисобанд. Пешниҳоди номзадии ҷавони огоҳдиле чун Рустами Эмомалӣ, ки эҳсоси худогоҳиву ватанпарастӣ ва меҳри ободкориву бунёдсозӣ аз хизмати содиқонааш ҳувайдосту дар партави сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат тарбиятёфтаи роҳи ҳаққу рост аст, ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи писандидану лоиқи пазируфтан мебошад.
17-уми апрели соли равон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид. Аз рўи масъалаи дуюми рўзномаи Иҷлосия «Дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим дар бораи интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид. Ин пешниҳод аз тарафи вакилони Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш баррасӣ гардида, дастгирӣ ёфт. Номзадии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ҷонибдорӣ гардид.
Чеҳраи сиёсиву фарҳангии Рустами Эмомалӣ барои мардуми тоҷик хуб ошно аст. То ба ин вазифа интихоб шуданаш зинҳои нардбони давлатдориро гузашта буд. Фаъолияти меҳнатии ў аз соли 2006, ки ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст, оғоз гардида буд. Чун аз санҷиши бовариву ҳалолкориву масъулиятшиносӣ гузашта буд, ўро дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул намуданд. Дар ин вазифаи ниҳоят сертараддуду серташвиш солҳои 2009-2011 кор кардааст. Поктинативу поксириштӣ, ҳалолкориву адлкирдорӣ қалби ғаразкоронро месўзонду ҳамсозонро нерўву қувват мебахшид. Чун садоқат ба кор дошту рафтори самимона бо ҳамкорон, ўро ба вазифаи сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронданд. Баъд аз ду соли дар ин вазифа кор карданаш, маълум гашт, ки лаёќату тавоноӣ ва истеъдоди роҳбарии ў натиҷаҳои назаррас доданд. Вазифаҳои пурмасъултару вазнинтарро барои Рустами Эмомалӣ раво диданд. Солҳои 2012-2013 ўро муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд ва аз ноябри соли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Ҳангоми адои хизмат дар ин вазифа сифатҳои софгавҳариву равшанзамирии ў аз чашми касе пинҳон намонда буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эҳсос намуда буданд, ки ҷойе, ки фарҳангу адолат осебдида бошанд, шаклгириву таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамеша ҳамроҳ бо мушкилоти мухталиф аён мегардад. Аз ин рў, ҷўёи шахсиятҳои миллие буданд, ки тавонанд барои эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ шароит фароҳам оваранд. Рустами Эмомалӣ дар он соату замон яке аз ҷавонони умедбахшу бедормағзе буданд, ки аллакай дар ҳар идорае, ки ҷилави роҳбарӣ дар даст дошт, решаи бедодмандиро канда, тухми адлоиниву адолатмандиро кошта буд. Бесабаб нест, ки 16 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият мекунад. Маҳз дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ ба фасод чун ба яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ назар шуд ва мавсуф вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии худро дар таъмини зиндагии арзанда ва ҷомеаи аз фасод холӣ қарор дод. Ў хуб дарк карда буд, ки фасод яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва ҳамчунин халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Дар давраи кўтоҳи роҳбарии Агентӣ фаъолияти шахсони мансабдори бо фасод алоқадоштаро ошкор намуд, чандин нафар ба иттиҳоми ришвахорӣ дастгир гардиданд, раҳбарони дастдошта дар фасод барканору ҷазо дода шуданд ва дар умум, фасодатро хеле коҳиш дод. Яъне Рустами Эмомалӣ ҳокимияти қонун ва адолату амниятро дар ин идора тавонист таъмин кунад. Бо ин амалаш ў исбот намуд, ки роҳбароне, ки дар ҳалли масъалаҳои доғи дохилии мамлакат нотавон ҳастанд, наметавон онҳоро сазовори вазифаҳои баланду калид донист. Ў дар ин вазифа софдилонаву нотарсонаву бебокона амал намуда, бар зидди фасоду беадолатӣ, ки фосила байни роҳбарияти ҳукумату мардумро афзоиш медод, сахт мубориза бурду муваффақ ҳам гашт.
Дар он шабу рўз Душанбе – макони орзуву ҳасрати кулли тоҷикони ҷаҳон, ниёзманди роҳбари замвазну ҳамтарозу бо худ дошт. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон чашм ба қудрати сиёсии шахсияти босуботе медўхт, ки қодир ба таъмини назму амният дар пойтахт бошад. Дар байни номзадон ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе исми Рустами Эмомалӣ, ки бо иқдомҳои содиқона ва муассири миллӣ аз дигарон тафовут дошт, сазовортар буд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. Гарчанд хеле ҷавон буд, аз имтинони зиндагиву роҳбарӣ кайҳо гузашта буду чеҳраи сиёсиву фарҳангии ў намунаи ибрат гардид ва муҳим аз ҳама боварии Ҷаноби Олиро сазовор гашт. Дар рўзи аввали ба ин вазифа таъйин шуданаш панҷ насиҳати Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти минбаъдааш гардонда буд. Ҳар сухану интиқоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳое дар бар дошт, ки ҷўяндаро метавонист дар тамоми умраш ба кор ояд. Аввалан, Ҷаноби Олӣ ўро таъкид намуданд, ки дар ин вазифаи хеле ҷиддӣ сахтгиру серталаб бошу аз болои ҳар супориш ба дурустиву ҷиддият назорат намо. Маҳз ҳамин насиҳат ҳамроҳ бо таҷрибаи гирифта ўро бисёр ҷиддӣ, дақиқ, сахтгир ва дар айни ҳол бисёр дилсўзу мушфиқ дар кору бо ҳамкоронаш гардонда буд ва ҳеҷ гоҳ изҳори хастагиро аз худ зоҳир наменамуд. Ҳосили ин насиҳати Пешво буд, ки дигар сахтгириву серталабӣ ҳамеша дар андешааш буду сахткўшӣ пешааш ва ба онҳое, ки сахт заҳмат мекашиданд, арзишу эҳтироми хосе қоил мешуд. Дувум, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат ба қаноатманду ризоманд аз зиндагӣ будани Рустами Эмомалӣ ишора намуда, аз тазъйиќу фишори соҳибмансабону давлатшиорон дур будани ўро иллати пешрафти кораш њисобиданд. Ин насињат Рустами љавонро боз њам беиботару нотарстар дар роњи расидан ба њадафњои оливу наљиби созандагиву ободкорї гардонид. Шўру шавќи фаровоне, ки барои зебо дидани симои пойтахти азизамон дошт, корашонро бо шеваи навину даќиќу ибтикорї оѓоз намуданд. Њарчанд се дања аз умрашон нагузашта буд, аммо роње, ки барои таѓйири симои фарњангии Душанбе интихоб карда буд, њикоят аз он дорад, ки Рустами Эмомалї аз љавонї дар корњои сиёсиву фарњангї матонату устувориро меписандид ва аз фаъолиятњои ба таблиѓу ташвиќ омехта њам њунару њунармандии мардуми тољикро дар асоси анъанањои миллї ташаккулу ривољу равнаќ дод ва њам зиндагии шоистаро барои пойтахтиён таъмин намуд. Сеюм, насињати хайрхоњонаи Љаноби Олї ба Раиси навтаъйин аз он иборат буд, ки мањсулоти ниёзи мардум бояд њамеша бо нархи арзон ва сифати олї дастраси мардуми пойтахт гардад. Рустами Эмомалї љињати пешгирии воридоти молу мањсулоти пастсифат ба пойтахт чорањои таъхирнопазир андешида, барномаи бехатарии мањсулоти озуќавориро амалї намуда, монеањои сунъии баланд шудани нарху арзиши молњои мавриди ниёзи аввал бартараф шуданд. Мавсуф бо барномарезии муносибу њиммати воло, зањмати содиќонаву софдилона ва ташаббуси созанда ба њадафњои дар наздаш ќарордошта муваффаќ гардид. Чањорум, Рустами Эмомалї, ки иљрои њар кори дар пешистодаро бо олитарин сифат дидан мехост, дар айбгирї чун уќоб тезбину заррабин буда, гоње маљбур мешуд нисбат ба бемасъулиятии баъзе кормандон андаке овозашро баланд кунад. Ҷаноби Олӣ инро хуб эҳсос намуда буданд ва падарона ўро панд медоданд, ки ҷељ гоҳ дар муоширату муомила ба дағалӣ роҳ надиҳад ва забонро ҳамеша пок нигоҳ дорад. Имрўз нармтабиативу ҳалимии Рустами Эмомалӣ намунаи ибрати кулли ҷавонони кишвар аст. Ин панди Пешвои миллат чунон созгор омад, ки Рустами мулоҳизакор бо мулоимхўиву латофатошноияш ҳамроҳ бо ғайрату ҷасорат дили пойтахтиёнро тасхир карда, дўстдоштатарин шахсияти иҷтимоӣ гашта буд. Панҷум, Ҷаноби Олӣ, ки худ бо фурўтаниву хоксорияшон дар байни мардум маъруфу шўҳра гаштаанд, мутавозеъву шикастанафс дидани шаҳрдори Душанберо хостор шуданд. Бо соҳибдавлатон зиёд шишту хез доштану дар тарабхонаҳо вақт гузарондани шаҳрдорро мувофиқи мақсад намешумориданд ва таќозо доштанд, ки зиёдтар бо мардуми одї рафту омад бояд кард, ки ба ин васила метавон ҳам маҳбубу азизи дилҳо гашту ҳам аз аҳволи раият огоҳ ёфт. Рустами ҷавони пандпазир чун аз рўи ин пандҳои судманд амал кард, тавфиқро рафиқ ёфту мардумро ҳозиқ. Рустами Эмомалӣ барои ин ки Душанберо аз вартаи валангорӣ халосӣ бахшад, умеди таҷдиди бузургиву ҷалолат ва азамати онро ба тавре ки шоистаи дунёи имрўзӣ аст, дар дил парварад, тамоми афроди кишвар мебоист дасти ягонагї ба якдигар дода, дар роњи тараќќии пойтахт бикўшанд ва ҳама чизро фидои маслиҳат намоянд. Мавсуф бо такя ба насиҳатҳои пешвоёнаи Ҷаноби Олӣ ва қудрати тафаккури ҷавононаи худ мусолаҳатро ба даст овард ва дар кўтоҳтарин фурсат ба даствордҳое ноил гардид, ки таърихи чанд даҳсолаи шаҳри Душанбе аз он ёд надорад.
Дар баробари сабзазоркуниву ободонии пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ боло бароварда корхонаҳои нави саноатӣ – корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватанӣ аз ҷониби «Зиркон», истеҳсоли масолеҳи бисоти хона аз ҷониби «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ аз ҷониби корхонаи «Ваҳдат», истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ аз ҷониби корхонаи «Равшан» ва истеҳсоли асфалту бетон аз ҷониби корхонаи «Заводи асфалту бетон» ба фаъолият даромаданд. Санги асоси чандин корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли қолин, семент, таҷҳизоти барқӣ, қубурҳои шишапластикӣ ва орд гузошта шуданд. Дар замоне, ки ҷилави роҳбарии шаҳрро дар даст дорад, аллакай 112 корхонаи саноатӣ таъсис ёфтанд. Таъмини иншоотҳои шаҳри Душанбе бо оби гарм аз дастовардҳои ниҳоят назаррас мебошанд, ки танњо ба кўшишу талошњои мавсуф муяссар гардиданд. Сохта шудани 752 иншоот, сохта ва ба истифода дода шудани 18 муассисаи таълимӣ, 231 майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии роҳҳо, беҳтар гардидани сифати хизматрасонии нақлиётӣ, бунёди боғҳои «Восеъ», «Алишери Навоӣ», «Аҳмади Дониш», «Ҷавонон», «Куруши Кабир» ва азнавсозии боғҳои «Айнӣ», «Кўли Ҷавонон», «Абулқосими Фирдавсӣ», «Хайём», «Кўдакон», «Мироненко» ва ғайраҳо аз хизматҳое содиқонаи Рустами Эмомалӣ мебошанд, ки ин навъи рушду нумув дар Душанбе собиқа надошт. Рустами Эмомалӣ ба ин васила ҳам суннати қадимаи офарандагии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва ҳам шароити зиндагӣ ва сатҳу сифати ҳаёти мардуми шарифи пойтахтро таъмин намуд. Ин ҷавонмарди ғаюру бовиқор корҳоеро ба анҷом расонид, ки дар натиҷа шаҳри Душанбе дар баробари сомону интизом пазируфтан, ба яке аз мавзеҳои бехавфу хатари ҷаҳонӣ табдил ёфт ва аз ҷолибтарин шаҳрҳои сайёҳӣ эътироф гардид.
Ҳамаи ин хидматҳое, ки Рустами Эмомалӣ дар давоми понздаҳ соли охир ҳангоми фаъолият дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият барои халқу давлат анҷом дод, рўҳияву равиши сиёсии ўро аён карда буд. Акнун Рустами Эмомалӣ дар баробари шаҳрдории пойтахтро бар уҳда доштан, палатаи болоии парлумонро низ сардорӣ мекунад. Мо мутмаинем, ки ин ҷавонмарди ҷавондавлат минбаъд низ тамоми қуввату қудратро баҳри ободии кишвари азизи мо, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва барқарории суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ дар минтақа сарф хоҳад кард. Албатта, дар замоне, ки ҷаҳон мубталои нооромиву носуботӣ аст, танҳо ҷавони андешасанҳу андешасиголи бо бозўи рустамӣ ҳамчун Рустами Эмомалӣ қодирманд аст, ки роҳбарии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошта бошад. Мо шарафёбии Рустами Эмомалиро дар ин интихобот муборакбод мегўем ва ба ин ҷавонмарди олами сиёсат тансиҳативу хонаобобӣ ва дар корҳои хайрхоҳонаи минбаъдааш дар маснади ниҳоят пурмасъул пирўзиҳову бурдбориҳо хоҳонем.

Қаландариён Ҳоким Сафар
Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илми филология

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *