Раёсати тандурустии вилоят баҳри пешгирии хатари паҳншавии сироятӣ коронавируси COVID-2019 корҳои муайянеро ба сомон расонид

Раёсати тандурустии вилоят баҳри пешгирии хатари паҳншавии сироятӣ коронавируси COVID-2019 корҳои муайянеро ба сомон расонид. Аз тарафи муассисаҳои табобатӣ- профилактикии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2020, ба 18986- нафар беморон ёрии статсионарӣ, ба 257693-нафар ёрии амбулаторӣ, ба 27875- нафар ёрии таъҷилӣ, ба 401398- нафар ёрӣ дар хонаҳо расонида шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят муваққатан 785 адад катҳои бистарикунони барои ташхису табобати гирифторони сирояти COVID-19 бо фароҳам овардани ҳамаи шароитҳои зарури, алалхусус бо кумаки бевоситаи шарикон оид ба рушд ва ташкилотҳои ғайридавлати таъмини таъҷизоти тиббии замонавӣ ва доруворӣ ташкил карда шуданд. Айни замон дар шуъбаҳои сирояти барои беморони COVID-19 мутобиқгардидашудаи беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Хоруғ, беморхонаҳои марказии ноҳияҳо 9 нафар бистарӣ мебошанд.

МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН БА ДАСТГОҲИ РАИСИ ВМКБ

Дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ ба дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 941 муроҷиати шахсони воқеъӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ворид гардидааст. Аз ин теъдод 46 муроҷиат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 471 муроҷиати хаттӣ аз сокинони вилоят ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 424 муроҷиат ба таври шифоҳӣ ворид гардидааст. Дар робита ба иҷрои саривақтии муроҷиатҳо қайд кардан зарур аст, ки аз теъдоди 941 муроҷиатҳои сокинони вилоят ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ воридгардида 181 адад қонеъ, 103 адад қонеъ нашуд, ва ба 409 муроҷиаткунанда моҳияти қонун фаҳмонда дода шуд. Инчунин, дар ин росто кўмаку дастгирии оилаҳои камбизоат, беморону маъюбон дар маркази диққати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар ин муддат аз фонди эҳтиётии раиси вилоят ба 45 нафар сокинони табақаҳои ниёзманд ба маблағи 17 ҳазору 350 сомонӣ кӯмаки яквақтаина расонида шуд.