Дар нуҳмоҳаи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 291,6 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,3%, аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 138,1 млн сомонӣ ё худ 3,5% фоиз зиёд ва чорводорӣ 153,5 млн. сомонӣ ё 0,6 % кам мебошад.

Дар нуҳмоҳаи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 291,6 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,3%, аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 138,1 млн сомонӣ ё худ 3,5% фоиз зиёд ва чорводорӣ 153,5 млн. сомонӣ ё 0,6 % кам мебошад. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2020 дар майдони 10543 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбати соли гузашта ба масоҳати 87 гектар ва ё 0,2 фоиз зиёд буда, аз он зироатҳои ғалладонагӣ майдони 4798 гектар, картошка 2084,8 гектар, сабзавот 662,1гектар, ва хўроки чорво 2986,1 гектарро ташкил медиҳад.Дар ин давра истеҳсоли гўшт (бо вазни зинда) 4866 тонна, шир 11680 тонна, 2839,0 ҳазор тухм, 173 тонна пашм истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2019 гушт 48 тонна, шир 74 тонна, 113,7 њазор тухм ва 2 тонна пашм зиёд буда, нисбати ҳамин давраи ҳисоботи 51 тонна асал кам истеҳсол шудааст.Бо мақсади таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот дар давоми 9-моҳи 2020 аз тарафи Раёсати стандартизатсия, метрология ва сертефикатсия дар вилоят дар маҷмуъ 509 санҷиш анҷом дода шуд. Дар вақти санҷиш нисбати 324 нафар соҳибкор вобаста ба молу маҳсулоти дар муомилотбудаи пастсифат барои қонунвайронкунӣ ба маблағи 70760 сомонӣ ҷарима карда шуд. Дар ин давра 776 намунаи маҳсулоти хурокворӣ мавриди ташхис қарор дода шуда, аз ин миқдор 271 намунаи онҳо ба миқдори 4527кг аз ҷумла, машруботи спирти 856 литр маҳсулоти ғайристандарти ба маблағи 84060 сомонӣ аз муомилот бароварда шуд.Ба ҳолати 1 октябри соли 2020 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории вилоят 105997 сар ҳайвони шохдори калон, ки аз он 40759 сарро модагов, 26406 сар қутос ташкил дода, 355765 сар бузу гўсфанд, 103186 сар парранда, 331 сар асп, 7026 оилаи занбури асал мављуд мебошад, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 1542 сар њайвони шохдори калон, 2473 сар бузу гўсфанд ва 2864 сар парранда, саршумори модагов 829 сар, 21 сар асп, саршумори қутос 386 сар, 236 оилаи занбури асал зиёд шудааст.Бо дастгирии шарикони рушд 20 тонна тухмии картошкаи элита аз давлати Олмон ва репродуксияи баъдина аз ноҳияи Мастчоҳ оварда шуд. Тухмии гандум дар худи вилоят мавҷуд аст ва тухмии сабзавот аз дигар қисматҳои ҷумҳурӣ таъмин гардид. Дар вилоят зиёда аз 75 гармхонаи хурд ва 2 гармхонаи калонтар кишт карда шуда, дар ноњия Рушон аллакай ҳосили бодиринг ва кабудӣ ба фурўш бароварда шуд, ки ин таҷрибаи аввалин дар вилоят мебошад.Боғдорӣ сол аз сол ривоҷ ёфта, мева ва маҳсулоти аз он тайёр кардашуда, дар дохил ва хориҷ фурўхта мешавад. Бо кумаки шарикони рушд 29 анборхона ва 3 адад сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот сохта шуда, вале талабот ҳанўз зиёд аст, чунки қисмати зиёди ҳосили мева дар деҳот талаф меёбад. Хушбахтона соҳибкорони ватанӣ аз дигар қисматҳои ҷумҳурӣ ба Бадахшон меваи тар ва бахусус хушкро харидорӣ менамоянд. Бо беҳтар шудани вазъи роҳҳои автомобилгарди вилоят ин мушкилот халли пурраи худро меёбад.Дар вилоят чиҳати фаъолияти ноустувор ва нокифояи идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ (оилавӣ), ки теъдоди он зиёда аз 15844 ададро ташкил медиҳад, гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷгҳо (ташкили кооперативҳои истеҳсолӣ, колхозҳо) зарурият дорад.Зиёда аз 1300 гектар замин солҳои дароз дар зери сохтмон ҳастанд, вале ҳанўз аз ҳисоботи омори замини кишт бароварда нашудаанд3 381Охват (люди)581ВзаимодействияПродвижение недоступно

5555Поделились: 4НравитсяКомментироватьПоделиться

Нуҳмоҳаи соли 2020 новобаста аз вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус барои ВМКБ пурбарор ва хотирмон боқӣ монд.

Нуҳмоҳаи соли 2020 новобаста аз вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус барои ВМКБ пурбарор ва хотирмон боқӣ монд. Зеро мардуми шарифи вилоят дар ин вақт зери роҳбари ва сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқболи як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ аз қабили Иди Садда, рузи Артиши миллӣ, рӯзи Модарон, ҷашни Наврўз, иди Меҳргонро ҷашн гирифта, арзишмандтарини он чорабинии муҳими сиёси ин интихоботи вакилон ба МММО ҶТ ва вакилони халқ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва алалхусус интихоботи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз чорабиниҳои асосии сиёсию давлатии вилоят ин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба шумор меравад. Лозим ба ёдоварист, ки зимни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 45 иншооти гуногуни хоҷагии халқ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нӯҳмоҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Ëдгор Файзов оғоз гардид.

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нӯҳмоҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Ëдгор Файзов оғоз гардид. Инчунин дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд.Маълумоти пурра оиди ҷаласаи мазкур дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) инъикос хоҳад гардид.