МЕҲРГОН – ҶАШНИ ФАРОВОНИИ ҲОСИЛ


Ба муносибати таҷлили Иди меҳргон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бозори марказии шаҳри Хоруғ ба номи арбоби давлатӣ, корманди шоистаи соҳаи кишоварзӣ, шаҳрванди фахрии ВМКБ Муҳиддин Заиров гузошта шуд. Дар мароси тантанавӣ Раиси вилоят Ёдгор Файзов иштирок намуда оиди шахсияти Муҳиддин Заиров ва саҳми он дар бунёди тиҷорат ва кишоварзи дар вилоят сухан намуд.
Инчунин бахшида ба Иди Меҳргон дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ярмаркаи фуруши молҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, сабзӣ ва пиёз барои сокинон пешкаш карда шуд. Сокинон барои ташкил намудани ярмаркаи мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят шахсан ба Раиси вилоят Ёдгор Файзов изҳори сипос намуданд, ки хеле саривақти ва бо нархи дастрас ташкил карда шудааст.