Табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ сидқан ва самимона муборакбод намуда, ба Шумо сарсабзӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хотири осудаю табъи хуш таманно намоям.
Соли нави мелодӣ бо ҳазору як навиду армуғон ва умеду орзуҳо аз омад – омади худ моро муждарасон аст. Бароямон ниҳоят муҳим аст, ки соли нав ба кишвари мо дар мавриде ворид мегардад, ки як муҳити созанда, фазои сулҳу салоҳ, тинҷиву осудагӣ ҳукм меронад. Армуғони беҳтарину бебаҳотарин ба мардуми мо дар соли нав осудаҳоливу тинҷист, ки аз он неъмате бузургтар наметавон ёфт. Аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2018-2021 солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба созандагиву ободкориҳо вусъати тоза бахшида, миллати тоҷик дар остонаи соли нав ба дастовардҳои беше ноил гашт.
Ҳар соли суипаригашта аз худ нақше мегузорад ва ҳар соли нав бо худ умеду ормонҳои нав меорад. Соли рафта бо бисёр рӯйдодҳои хуш ва ҳам хавотирнокаш дар дилҳои мо нақш баст ва дар таърихномаи Ватани мањбубамон саҳифае зам намуда барои мардуми Тоҷикистон соли пурфайзу баракат буд. Дар ин сол агрегати дуюми НОБ-и Роѓун, ки яке аз иншооти бузурги гирдротехникии аср ба ҳисоб меравад, бо иштириоки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурўъ намуда, ба маблағи миллионҳо сомонӣ боз чандин иншооти хурду бузург сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин росто Бадахшони мо ҳам ба тозагӣ рушд намуд ва ба дастовардҳои назарраси илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ дар арсаи байналмиллалӣ комёб гардид.
Паёми навбатии Асосгузори судлҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи Соли нав ироа гардид, як фоли неку саривақтӣ буда, роҳнамо ва дастурамали ҳар як сокини кишварамон дар солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад. Халқи Тоҷикистон бо пайгирӣ аз ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои миллат бо умеду боварии комил ба Соли нави 2020 қадам мениҳанд. Нияту наќшаҳое, ки аз Паёми имсола бармеоянд, туҳфаи бебаҳои солинавӣ барои кулли тоҷикон ва бахусус сокинони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон арзёбӣ мегарданд. Амалишавии ду лоиҳаи бузург, сохтмони НБО «Себзор» ва таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи Қалъаи Хумб –Ванҷ бо арзиши 2,2 млрд сомонӣ, бунёду азнавсозии дигар иншооти хурду бузург, баланд бардоштани маошу нафақа ва дигар мақсаду адафҳои созанда, ки дар соли пешомада рўи кор хоҳанд омад, барои мардуми вилоят дар Соли нав ҳадяи беҳамто мебошанд.
Мо аминем, ки мардуми баномуси вилоят барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ, бо орзуву эътимоди қавӣ, бо талоши пайгирона, эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарастиву ватандорӣ дар роҳи ободонии диёр ва беҳдошти зиндагии шоиста камари ҳиммат баста, дар ободонии диёр ва беҳбуди рӯзгор бо нерӯ ва ғайрати тоза заҳмат хоҳанд кашид. Ҳамзамон дар соли нав ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки чун фарди соҳибватан аз истиқлолияту дастовардҳои он, Вахдати миллӣ, фазои сулҳу субот ҳимоя намоем.
Дар фарҷом Шумо – ҳамдиёрони гиромиро бо соли нави мелодӣ бори дигар табрик намуда, хоҳони онам, ки ҳамаи ормонҳои некатон амалӣ гарданд.
Соли нави мелодӣ муборак бод, ҳамватанони гиромӣ!