СОХТМОНИ ПУЛИ МАҲАЛЛАИ СЕЛХОЗТЕХНИКАИ ШАҲРИ ХОРУҒ АЗ ҶОНИБИ ШИРКАТИ ” ТЕМЕЛСУ” – и ДАВЛАТИ ТУРКИЯ АМАЛИ ХОҲАД ШУД.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар​ ​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ​ аз ҷумла ; ” Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ’’ гурӯҳи мутахассисони ширкати туркии​ ,, ‘’Темелсу​” ​ ба шаҳри Хоруғ омаданд. Ширкати мазкур аз тарафи Вазорати наклиет​ барои тайёр намудани лоиҳаи ​ таҷдиди роҳи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ва бунёди пули мошингузар​ дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ​ интихоб карда шудааст.
Намояндагони ширкат бо Раиси ВМКБ ва дигар шахсони масъул вохури намуда вазифаҳои тарафҳо​ ​ ​ мушаххас карда шуданд. Бахусус дар маҳаллаи Шарифобод​ макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хоруг бояд​ ҷойи сохтмонро​ омода созад. Хонахои истиқоматӣ ,​ дигар сохтмонхо ва​ партовҳо аз ҷои сохтмон бардошта т мешаванд.​
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмонро аз ҷиҳати иқтисоди, экологӣ, иҷтимои ​ ва аҳамияти ин купрукро дар ҳолатҳои фавқуллода ва садамави асосонок намуда ба Бонки Ҷаҳонӣ ки маблаггузори барнома аст, пешниход менамояд​
Раиси вилоят саҳми ширкатҳои сохтмонии давлати Туркияро дар бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб -Қалъаи Хумб, Маркази Тибби Оғохон ва Маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ муҳим арзёби намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ин ширкати​ муҳандисӣ аз кори ба ӯҳдагирифта​ саривақт баромада корҳои сохтмониро ​ бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Умедворӣ меравад, ки лоиҳа то​ оғози​ ташрифи навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон омода гардида, Пешвои миллат санги асосро хоханд гузошт.

СОКИНОНИ ВИЛОЯТ БОЯД ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДОДА БА ОВОЗАҲОИ БАРДУРУҒ ВА БЕПОЯ ДОДА НАШАВАНД.

Дар ҷаласаи фаврии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов чораҳои пешгири бемории короновирус ё ба истилои дигар вируси тоҷдор ва хотима додани ба овозаҳои бардуруғ оиди норасои ва баланд гардидани нархи маҳсулоти озуқавори мавриди таҳлилу барраси қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон кодир аст, ки таъминоти кули сокинони ҷумҳуриро дар ҳолатхои эҳтимои ба муддати ду сол бидуни мушкилот ҳалу фасл намояд.
Имрузҳо дар саросари ҷаҳон чораҳои пешгирии бемории сироятии короновирус ба таври ҷидди ба роҳ монда шуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони ва давлати мутамаддину соҳибистиқлол бо дарназардошти ҳамарзу ҳамсарҳад будан бо Ҷумхурии Марудмии Чин чораҳои таҳирнопазирро руӣи даст гирифтааст. Зимни ҷаласаи фаври раиси ВМКБ Ёдгор Файзов таваҷҷуҳи роҳбарони идораву муассисаҳо, сохторҳои низомиву интизомӣ ва фаъолони ВМКБ-ро ба он ҷалб намуд, ки давоми чанд рӯзи охир бино ба паҳн гардидани маълумотҳои бардурӯғу носаҳеҳ дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ боис гардидаст, ки бештари сокинони шаҳру навои вилоят ба харидории маҳсулоти барзиёди озуқавори дар бозору мағозахои қаламрави вилоят машғул мебошанд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти мушаххас андешида кодир аст, ки таъминоти кули сокинони ҷумҳури дар ҳолатҳои эҳтимоӣ бидуни мушкилот ҳалу фасл намояд.
Рохбари вилоят аз солҳои 90-уми асри гузашта ёдовари намуда қайд кард, ки дар он замон бо номуси баланд ва умед ба ояндаи нек сокинони вилоят тавонистанд, ки рӯзҳои сангини он давраро бо мутаҳидиву дастаҷамъи паси сар намоянд. Аммо муттасифона овозаҳои бардурӯғу беасос ва тарғиботи гурӯҳҳои алоҳида боис гардидаст, ки дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хуроквори теъдоди зиёди харидорон дар навбат истодаанд. Сокинони вилоят бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ба овозаҳои бардурӯғ ва бепоя дода нашаванд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов он нуқтаро қайд намуд, ки Ҷумуҳрии Қазоқистон ва Федератсияи Русия аз давлатҳое мебошанд, ки асоси таъминкунандаи бозори истеъмолии мамалкат бо маводи озуқа ба ҳисоб рафта имрӯз низ миқдори зиёди маҳсулоти хӯроквори ба ҳудуди Ҷумуҳрии Тоҷкитсон бидуни ягон мушкилот ворид шуда истодааст. Вобаста ба масъалаи таъминоти маҳсулоти хӯроквори дар ВМКБ Ёдгор Файзов таъкид дошт, ки айни ҳол дар амборхонаи корхонаи коркарди ғаллаи ноҳияи Шуғнон микдори зиёди гандум ва орди нави якуму дуюм захира гардида метавонад тамоми таъминоти бошандагони вилоят бидуни мушкилот сокинонро бо маҳсулот таъмин намояд. Роҳбари вилоят аз расму оинҳои мардумии бошнадагони вилоят, ки дар маъракаҳои хурсандиву аъзодори ки ҳамдигарро ба оғуш мегиранд ёдовари намуда ҳамагонро баҳри пешгирии аз ин бемории сирояти то ҷойе худдори намуданро тақозо намуд. Мардуми ВМКБ ба ҳангомахои бе асоси гурӯҳҳои иғвогар, ки боиси халалдор сохтани авзоъи ҷомеа мегардад махсусан таъкид намуд, ки аҳли ҷомеа бо фарҳанги баланди худ ба эҳсосот бояд дода нашаванд. Гарчанде ин бемори аз Ҷумуҳрии Тоҷикитон ҳазорҳо километр дур бошад ҳам мардум бояд оддитарин ҳолати санитариро риоя намоянд. Роҳбарияти вилоят аз таҷриби зиёди кори солҳои 94-95-и ёдовари намуд, ки мардум бояд ба давлат ва Ҳукумати имрӯза бовари комил дошта бошанд, ки имруз Ҳукумати марказӣ побарҷо буда имконияти зиёди таъмини бошандагон бо маҳсулоти ғизоиро дорад. Ҷумуҳрии Мардумии Чин, ки дорои аҳолии зиёд мебошад аз вазъияти имрӯза дар ҳарос набуда чиҳати пешгирии ин бемории сироятӣ дастаҷамъона чораҳои мушаххас адешида истодаст. Раиси вилоят мақомоти қударти ва дигар сохторҳои назоратии вилоятро супориш дод, ки бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулоти хӯроквори назорати қатъиро ҷори намуда дар мавриди роҳ додан ба болоравии нархҳо соҳибкорон на танҳо ҷарима балки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Таъиноти кадри

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал таъин гариданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Чошбаев Мурзабай бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан аз вазифа озод ва муовини раиси ҳамин ноҳия Раҷабзода Ҳусния раиси ноҳияи Мурғоб таъин гардида, Мурзамат Абдулқаюм дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР ВМКБ

Дар театри вилояти ба номи Меҳрубон Назаров чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси вилоят зимни суханронии худ ҳозирин ва кулли мадарони мушфиқ ва бонувони ғамхори вилоятро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осударо таманно намудаанд. Роҳбарияти вилоят қайд карданд, ки бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон соли гузашта қайд карданд, ки ” Ман ба нерӯи занону модарон ва чавондухтарон такя карда онҳоро борҳо нигини пурҷилои тоҷи миллат гуфтаам”. Мо бо ифтихор ва такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур ва номбардорони миллатро ба дунё оварда дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.
Дар чорабинӣ мазкур ба хотири саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят як қатор фаъолзанон бо ифтихорнома, тӯҳфа ва мукофоти пулӣ раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод шуд, ки боиси болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ гардид.

Иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Субҳи 1-уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Таъкид бояд кард, ки дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии №15 дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.

Дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар сокинони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд.

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ИНТИХОБОТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН АЗ СУБҲ БАРВАҚТ ОҒОЗ ГАРДИД.

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ
МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ИНТИХОБОТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН АЗ СУБҲ БАРВАҚТ ОҒОЗ ГАРДИД.
Ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки аз ҳуқуқи конститутсионии худ самаранок истифода намуда, вакилони арзандаро дар ин чорабинӣ интихоб намоял. Зеро интихобот ҳастии ҷомеаи демократии миллати тоҷик аст!