Дар ҷаласа бо иштироки раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов , котиби Шуърои Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вилоят, навои , роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят масъалаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоии вилоят мавриди бараси қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов , котиби Шуърои Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вилоят, навои , роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят масъалаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоии вилоят мавриди бараси қарор дода шуданд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аввалан сипосгузории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят баён намуда, қайд карданд, ки қаблан ВМКБ – ро муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳммадтоҳир сарпарасти менамуд. Имрўз баъди интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳммадтоҳир ба вазифаи раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар даврони сарпарастии ў дар қаламрави вилоят гомҳои устувор баҳри рушди иқтисоду иҷтимоӣ гузошта шуданд.
Дар навбати худ сарпарасти имрўзаи вилоят Котиби Шуърои Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон қайд намуд, ки тайи чанд рўзи сафар дар вилоят бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ин вилоят шиносойи пайдо намуданд.
Қайд карда шуд, ки амалисозии ҳар як барномаи рушд аз якояки мо вобастагии мустақим дорад. Аз ин рў иншооти банақшагирифташуда бояд сари вақт сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Роҷеъ ба корҳои бунёди дар қаламрави вилоят иброз гардид, ки муттаассифона бо баъзе сабабҳо ҷараёни корҳо аз нақшаи пешбинигардида қафо мемонанд. Ҳар як иншооти сохташаванда дар тамоми ҳудуди вилоят мавриди таҳлил қарор гирифта шуда, таҳкид рафт, ки имрўз бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои комилан мусоид барои соҳибкорон фароҳам оварда шудааст. Аз ин рў соҳибкорон бояд аз чунин фурсати муносиб истифода намуда барои бунёди корхонаҳову таъмини ҷойҳои нави кори кўшиш ба харҷ диҳанд, ки мақомоти андоз ва молия бояд барои ғани гардонидани буҷа аз тамоми имкониятҳо истифода баранд..
Раис ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки табиати нотакрори вилоят боиси тавҷҷўҳи ҷаҳонгардон гардидааст . Барои ривоҷи сайёҳи бояд ба тозагиву ободии диёр диққати лозими диҳем. Шурў аз аз хонаву ҳавли то маҳал, шаҳру навои ва дар маҷмуъ вилоят бояд симои назаррабо дошта бошад. То таҷлили 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати кам монд. Мо бояд ин фурсатро самаранок истифода барем ва дар пешорўи ин санаи таърихи диёри хешро хурраму ободу сарсабз гардонем.
Дар фарҷоми ҷаласа масъалаи иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор ёфт.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» рўзи 27 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он ба тарафдории номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВМКБ овоз дода шуд

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» рўзи 27 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он ба тарафдории номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон овоз дода шуд.
Тибқи талаботи моддаҳои 32 ва 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадон ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон номзадии Файзов Ёдгор Доёрович- раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон- раиси ноҳияи Дарвоз аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, Додихудо Фаррух Муборакшо- раиси ноҳияи Рўшон аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рўшон, Мирзозода Мусо Одининамаҳмад- раиси ноҳияи Ишкошим аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим ва Қонунзода Шодигул Худобахш аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ дар иҷлосияҳои якуми (даъвати шашуми) пешбарӣ карда шудааст. Интихобот ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи овоздиҳии пушида сурат гирифта вакилони Маҷлисҳои маҳалли вилояти, шаҳриву ноҳияви ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз доданд. Пас аз анҷоми райдиҳи маълум гардид, ки раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо касби 100 фоизи овозҳо ва номзадҳои дигар бо соҳиб шудан ба беш аз 90 фоизи овозҳо вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилоят Ёдгор Файзов ба интихобкунандагон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки сазовор шудан ба боварии мардум боиси ифтихори бузург буда дар як вақт маъсулияти дучандро талаб мекунад.
Таъкид рафт , ки бояд баҳри рушди минбаъдаи ин давлати ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳаёти арзанда барои ҳар сокин тавассути қабули қонунҳои мутобиқ ба талаботи замон заминагузори намоем.

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Дар боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон чорабинии фарҳанги бо мақсади таҷлил намудани Наврузи ҷаҳони бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва дигар меҳмонони олиқадар дар боғи Марказии шаҳри Хоруғ Наврӯзӣ Аҷам дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Нахуст намояндаи Ҳукумати мамлакат раиси Шӯрои амнияти кишвар Насрулло Мамадзода ҳозиринро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Наврузи аҷам табрик намуда, аз ташабусси рохбарияти мамлакат вобаста ба чаҳони шудани ин иди аҷдоди, Наврӯзи оламафруз махсус таькид намуд. Сипас бо шукргузори аз сулҳу субот дар ҷомеа раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов мардуми сарбаланди вилоятро шодбош намуда, меҳмонон ва сокинони дигар ноҳияҳоро хайра макдам гуфт. Чорабинии наврӯзи бо пешниходи беҳтарин барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони вилоят омода гардида буд, бо иҷрои тамоми суннатҳои наврӯзи пешкаши сокинони вилоят гардид.

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои ҳунарҳои дастӣ ва мардумии ноҳия пешкаши меҳмонон карда шуд.
Чорабиниро раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумьа Шофақир ҳусни оғоз бахшида сухани табрикотиро ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон доданд. Ноирзода Умедҷон бошандагони ноҳияро аз номи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон табрику муборак намуда қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ҷашни Наврӯз ҷанбаи диниву мазҳабӣ надорад ва инсондӯстиву дӯст доштани табиат меҳвари аслии онро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, Наврӯз хеле пештар аз ойини оташпарастӣ пайдо шудааст, аз ин рӯ, он ҷашни сирф мардумиву миллӣ буда, бо ин ва дигар мазҳабу боварҳо робитае надорад. Дар Наврӯз рӯзу шаб баробар шуда, иқлим мӯътадил мегардад ва замина барои корҳои баҳорӣ муҳайё мегардад.
Дар анҷоми чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия барномаи хуби консертиро пешкаши иштирокдорон намуданд.

Табрикномаи муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам

Ҳамдиёрони азиз!
Тавре маълум аст, 18 – уми феврали соли 2010 дар Маҷмааи 64 – уми Анҷумани кулли Созмони Милали Муттаҳид иди Наврӯз чун ҷашни байналхалқӣ эълон гардид. Ин рухдод худ гувоҳи дар сатзи ҷаҳонӣ эътироф ва қабул гардидани ҷашни қадимаи тоҷикон ва дигар қавмҳои Шарқ мебошад. Мутобиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, бузургтарин ва машҳуртарин ҷашни миллии тоҷикон буда, онро дар арафаи омад – омади фасли баҳор, бедории табиату шукуфоии дашту даман истиқбол менамудаанд. Наврӯз дар гирдбоду талотуми таърих ҳастиву мавҷудияташро нигоҳ дошта, бо тамоми рамзу анъана, расму ойинҳояш ба имрӯзиён расидааст. Ин ҷашн ҷашни мардумӣ буда, як рукни ҷудонопазири фарҳангу арзишҳои миллии мо дониста мешавад ва ҷаҳонбинию одамшиносии халқи моро инъикос мекунад. Мо бо шукрона аз амнияту оромӣ дар кишвар, аз осудагию некаҳволии мардуми тоҷик беш аз 28 сол боз Наврӯзи муборакқадамро таҷлил намуда, сараввал тамоми саъю кӯшиш ва тавону донишамонро барои тақвияти сулҳу субот дар мамлакат, таҳкими ваҳдати миллӣ равона месозем, чунки ҳеҷ гуна ҷашн бе фазои ором ягон шукӯҳу ҷалоле надорад. Барои ҳамин мо ифтихор мекунем, ки миллати тоҷик ба ин неъмати хеле бебаҳо – тинҷию осудаҳолиро арҷ мегузорад ва бо шодиву нишот ба истиқболи он ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, Наврӯзи ҷаҳониро бо тамоми ойину суннатҳои деринаш таҷлил менамоянд.
Наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва баҳри ҳар иқдоми нек замина мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни ниёгонро хосатан таъкид намудаанд: «Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Ин масъала, хусусан, дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.
Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.
Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад».
Тавре Пешвои миллат зикр кардаанд, ҷашни Наврӯз ҷанбаи диниву мазҳабӣ надорад ва инсондӯстиву дӯст доштани табиат меҳвари аслии онро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, Навруз хеле пештар аз ойини оташпарастӣ пайдо шудааст, аз ин рӯ, он ҷашни сирф мардумиву миллӣ буда, бо ин ва дигар мазҳабу боварҳо робитае надорад. Дар Навруз рӯзу шаб баробар шуда, иқлим муътадил мегардад ва замина барои корҳои баҳорӣ муҳайё мегардад.
Ҳамаи Шумо – ҳамдиёрони азизу арҷмандро бо ҷашни муборак Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик мегӯям, ба Шумо ва хонадони Шумо покию сафо, хайру сахо, сидқу вафои наврӯзиро таманно менамоям

Дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ бахшида ҷашни байналмилалии Наврӯз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баргузор карда шуд

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шаҳри Хоруғ бахшида ҷашни байналмилалии Наврӯз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор карда шуд

ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

ВАКИЛОНИ НАВИНТИХОБИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВМКБ МУАРРИФИ ГАРДИДАНД.

Иҷлосияи якуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо баррасии 8 масъалаи асосӣ ба кори худ шурўъ кард. Дар кори иҷлосия вакилони навинтихоби Маҷлиси вакилони халқи вилоят ширкат варзиданд.
Иҷлосияи якуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ бо садо додани суруди миллӣ ба кори худ оғоз кард. Дар кори иҷлосия раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оид ба рўзномаи кори иҷлосия маълумот дода, қайд карданд, ки интихоботи моҳи марти соли 2020-ум дар асоси Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси намоянддагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир гардида, дар 66 ҳавзаи интихоботии ВМКБ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, риояи тартиби талаботи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилали, ки Ҷумхуриии Тоҷикистон ин санадҳоро эътироф намудааст маъркаи муҳими сиёсии интихобот баргузор гардид. Раиси комиссияи вилояти оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Мамадкарим Назиров баромад намуда, қайд дошт, ки дар 66 ҳавзаи интихоботи 127 нафар номзда ба вакили пешбари гардида, 64 вакил аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба курсии вакили соҳиб гардиданд, ки 22 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии вакилон 4 нафарашон атобаи қирғиз мебошанд. Танҳо дар ҳавзаи интихоботии Кулев №31 ва Шидз № 14 интихоботи такрори баргузор хоҳад шуд.
Баъди тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Раиси комиссияи вилояти оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Мамадкарим Назиров шаҳодатномаи вакили ва нишони сарисинагӣ ба вакили мардумӣ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тақдим намуд.
Вобаста ба масъали дигари рўзномаи иҷлосия Анвар Акрамов вакил аз ҳавзаи интихоботии Хичордев №39 пешниҳод намуд, ки Файзов Ёдгор Доёрович вакил аз ҳавзаии интихоботии Ранкул № 66-и ноҳияи Мурғоб раиси Маҷлис вакилони халқи ВМКБ интихоб карда шавад. Ин пешниход аз тарафи вакилони мардумӣ якдилона ҷонибдори пайдо намуда, ваколати Ёдгор Файзов ба унвони раиси Маҷлиси вакимлони халқи ВМКБ тасдиқ гардида, қарори иҷлосия қабул карда шуд.
Мудири шуъбаи ташкилии дастгохи раиси ВМКБ Азорабек Мирзобеков дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ –ро ба баррасӣ гирифта, қайд дошт, ки бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халки ВМКБ комиссияҳои доимии маҷлиси вакилони халки вилоят оид ба қонунгузорӣ, тартиботи чамъияти ва ҳуқуқии инсон, раиси комиссия мазкур бо овоздиҳии вакилони мардумӣ қарорҳои дахлдор дар бораи таъсиси комиссияхои доимии Мачлиси вакилони халки ВМКБ кабул гардид.
Бо максади ташкил ва фаъолияти комиссияхои доимии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар асоси Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати низомнома дар бораи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва дастури Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, ки баррасии дархости вакилон шунидани ҳисоботи онҳо, тартиби овоздихи ва дигар масъалахои ташкилиро муайян менамояд бо карори Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдик карда шуд.
Дар иҷлосияи якуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳисоботи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов «Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои таракиёти иҷтимои, иктисодӣ, ҳолати хочагидорӣ, истифода ва идораи иншооти моликияти комуналии вилоят дар соли 2019-ум ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои соли 2020-ум ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд, раиси ВМКБ маърузаи пурмуҳтаво ироа намуд.
Раиси ВМКБ зимни баррасии масъалаи мазкур соли 2019-умро дар ҳаёти сиёсиву иктисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ВМКБ ҳамчун соли бобарор ном бурда, кайд дошт, ки маҳз таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъияти, тинҷиву оромӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ -Пешвои миллат, Прездинти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки ВМКБ низ бар маҳхилаи нави рушду инкишофи минтака ғомҳои устувор бардошта корҳои ободониву созандагӣ ҷалби сармоя ва иқтисоди кишвар беш аз пеш сурат гирифта, кисми даромади бучет 106 фоиз таъмин гардид. Дар соли гузашта аз ҳисоби фаъолияти соҳибори дар вилоят беш аз 6 миллион сомонӣ маблағ ба буҷет ворид шудааст.
Саноатикунонии босуръати кишварро аз ҳадафҳои дигари Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ном бурда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда, таъмини 61 деҳа ба шумули беш аз 2 ҳазор нафар аҳолии ба нерӯи барқ, анҷоми сохтмони 506 иншоот босяармояи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ва таъмини техникаи нави роҳсозиро аз дастгириҳо ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ном бурд.
Рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғхои нав ва барқароркунии боғоти куҳна, зиёд намудани саршумори чорво, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи чорвопарвариро аз вазифаҳои дигари ҳаллаталби рӯз ном бурда шуданд.
Ҳамчунин раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар бораи фаъолияти муассисаҳои таълими ва томактабї маълумот дода, қайд дошт, ки хушбахтона ҷалби наврасон ба муассисаҳои томактаби дар муқоиса ба дигар минтақахои кишвар дар ВМКБ чораҳои муассир рӯи даст гирифта шуда, ҳамасола муассисаҳои томактаби дар шаҳру навои вилоят таъсис дода мешаванд. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани марифатнокии ҷомеа, ҷалби ҳарч и бештари мардум ба китобхони, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташакулли тарзи ҳаёти солим дар байни мардум, расондани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба аҳолии, таъмини нафакахурон бо нафакапулӣ ва дигар масъалаҳои муҳими руз ба баррасӣ гирифта шуданд. Қайд гардид, ки танҳо дар як моҳ маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ барои пардохти нафакапули масраф мегардад. Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти худро дар чаҳорчуби қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат, ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати таъмини шароити шоиста барои сокинони кишвар сармашки фаъолияти кори худ қарор додааст.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ВМКБ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлили гардид. Дар чорабинӣ намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд. Раиси вилоят рӯзноманигоронро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод намуда қайд карданд, ки вазъи душвору зудтағиирёбандаи ҷаҳон, мураккаб шудани муносибатҳои сиёсӣ дар як қатор мамлакатҳои дунё расонаҳои ахборро такон мебахшад, ки иттилои ҷойдоштаро ба таври фаврӣ ба мардум расонанд. Технологияи ҳозиразамон имконият медиҳад, ки воситаҳои ахбор хонандаю шунавандаро дар мӯҳлати кӯтоҳтарини вақт аз ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷаҳон ва ҳар кишвар огоҳ созанд.
Баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатию миллӣ ва барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пур кардани фазои иттилоотӣ шабакаҳои нави давлатии телевизионӣ ва радиоиро таъсис дод. Ҳамин тариқ мардуми кишвар ҳар рӯз аз рӯйдодҳои навин – дастовардҳои дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, навгониҳои моддию маънавӣ, рӯйдодҳои соҳаи варзиш оғоҳи меёбанд.
Инчунин дар чорабинии мазкур як қатор рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳа барои саҳми арзанда гузоштан дар равнақи матбуоти тоҷик ва инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят бо ифтихорномаи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, унвони ” Аълочии матбуот”, “Медали ҷашнии 100 солагии матбуот” ва ифтихорномаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар

Модарони меҳрубон!
Бонувони арҷманд!

Фарде меҳрубонтарин, инсоне комилтарин, шахсе азизтарин, одаме бузургтарин дар рӯйи олам чун Модар нест. Биҳишти рӯйи замин оғӯши гарми Модар буда, меҳри ӯ монои сахои офтоб бекарона аст. Муҳаббатомезтарин дуо дуои Модар аст ва беҳтарин суруде ҳамчун аллаи Модар вуҷуд надорад. Лаҳну овои Модар аз суруди ҳазордастон хуштар аст ва ҳарфи Модар ширинтарин сухан ба ҳар фардест. Бузурге бузургтар аз Модар нест, тавоное тавонотар аз Модар нест, баъд аз Худои мутаол шарифтарин мавҷуде ҷуз Модар нахоҳад буд.

Эй хонаХудо, ба мулку манзил, модар,
Аз нури Худо гирифта қандил, модар.
Ман кашфи бузургият бикардам, ки туӣ,
Аз баъди Худо бузург дар дил, модар.

Модар фардест, ки дар меҳрубониву саховат, қадру манзалат, иззату ҳурмат миёни одамон ҳамтое надорад ва ӯ нигаҳбону афрӯзандаи чароғи ҳар хонадон буда, дилсӯзтарину донотарин раҳнамо барои фарзандон мебошад.
Зан – Модар дар зиндагӣ, дар ҷомеа, дар ҳар кишвару давлат, бидуни муҳоботу муболиға, мақому манзалати басе баланд дорад ва аз ин рӯ, ҷойи ӯро ҳар фарде, ҳар қадар донову тавоно ҳам бошад, гирифта наметавонад. Меҳру муҳаббатеро, ки Худованди якто дар дили Зан – Модар ҷо додааст, дар дигар мавҷуде наметавон ёфт, зеро муҳаббати ӯ ба фарзанд, умуман, ба инсон беандоза аст ва онро наметавон ба чизи дигаре қиёс кард.
Сафою покӣ дар вуҷуди Модар нуҳуфтааст ва ин тамизу покӣ дар ҳар рафтору гуфтору кирдораш таҷассум меёбад ва ё худ ҳар тасмиму кори Модар аз ҳама гуна сиёҳиву олудагиҳо дур буда, поку беолоиш мебошад.
Тавъам бо фасли баҳор расидани Рӯзи Модар, ҷашни бонувон кори тасодуф набуда, боз ишораест ба бузургии Зан – Модар, чун айёми баҳор табиат зинда мешаваду дашту даман мешукуфад, Зан – Модар низ дар зебоӣ ва тароват ҳамсони баҳор буда, ҳаётбахши инсон дар рӯйи замин аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар эҳтироми бузург дошта, дар ин замина махсус таъкид менамояд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем.
Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад».
Тавре аз ин суханони волои Пешвои миллат бармеояд, дар бузургӣ касе ҳамтою ҳампойи Модар нест ва ҳатто сари таъзим фуруд овардан дар назди Модар наметавонад он ҳама ҳурмату эҳтиром ба ӯ, он ҳама бузургии ӯро дар худ ғунҷонад.

Дар ин лаҳзаҳои шодиофарин ва гуворо ҳар яки Шуморо бо фарорасии баҳори нозанину махмалпӯш ва ҷашни муборакатон – Рӯзи Модар ва бонувон бо хушнудиву мамнуният табрику таҳният мегӯям, ба Шумо сарсабзиҳо, виқору тамкини кӯҳҳои Бадахшон, шукуфоиву перостагии баҳори дилкушоро таманно мекунам!
Бигзор, гули ханда дар лаби модарону бонувони Тоҷикистон шукуфо бошад!
Бигзор, оромиву амният, ки беҳтарин таманнои модарону бонувон аст, дар кишварамон ҷовидона пойдор бошад!

Бигзор, хандаи тифлону аллаи модарон дар фазои Тоҷикистон ҳамеша танинандоз бошад!