Сӯгвора

  Хабари даргузашти фарди равшанзамир, шоири ширинбаёни диёрамон Сардор Раҳдор ҳамаи моро сахт андӯҳгин намуд. Устод дар рушди адабиёт, эҳёи фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ саҳми бесобиқае гузоштанд. Ҳамчунин ин шахси накӯному маърифатпарвар дар тарбияи наслҳои баъдӣ, ҳидояти шоирони ҷавон бедареғ хизмат намуданд. Ёди неки ин шоири тавоно ва инсони асил дар дилҳои мо ҳамеша зинда хоҳад монд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба аҳли хонавода, ёру дӯстони марҳум арзи тасаллияти самимӣ намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол барояшон сабри ҷамил хоҳон аст.