МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ДАР ВМКБ Т

Тоҷикистони бо табиати зебо ва дарёҳои мусаффояш таваҷҷӯҳи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд. Аз Аврупо то Осиё дар бораи ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Ба хотири беҳтар намудани хизматрасонӣ ва равнақ додани сайёҳии дохили дар вилоят мизи мудаввар бо иштроки муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ва масъулони соҳаи сайёҳи дар вилоят баргузор карда шуд.
Носирзода Умедҷон қайд доштанд, ки соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри XXI эътироф гаштааст. Дар бештари кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Муттасифона вобаста ба паҳн гардидани бемории сирояти, ки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст дохилшавии сайёҳони хориҷи ба вилоят кам мегардад ва моро зарур аст, ки хизматрасонии сайёҳии дохилиро хубтар ба роҳ монем.
Аз ҷониби иштирокдорон оиди масъалаи мазкур андешаҳо пешниҳод гардиданд.

НАРХИ БОЗОР ТАНЗИМ МЕШАВАД

Бо мақсади ба танзим даровардани нарху наво ва роҳ надодан ба баландшавии маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои вилоят таҳти сарварии муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов комиссияи махсуси Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шудааст. Дар ҳайати он намояндагони Раёсати рушди иқтисод ва савдо, стандартизатсия ва метрология, хадамоти зидддиинҳосирӣ, андоз, мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи вилоят, шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят ва воситаҳои ахбор шомиланд.
Тавре муовини раисии комиссия – сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шозодаев иттилоъ дод, комиссияи таи беш аз ду ҳафта боз фаъолият намуда, гурӯҳи кории он қаблан бо соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят барои нигоҳ доштани нархи мӯътадили маҳсулоти хӯрокворӣ вохурӣ ташкил намуда, огоҳномаҳо пешниҳод намуд. Дар огоҳнома қайд гардидааст, ки дар сурати беасос боло бурдани нарху наво маҳсулоташон нисбати фурӯшандагон аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонун чораҳои тахирнопазир андешида хоҳанд шуд. Барои пешгирӣ намудани болоравӣ ва танзими нарх дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар бо савдогарон ҳаррӯза ҳисобу китоб бурда мешавад.
Айни ҳол ба мақсади роҳ надодан ба баландшавии нарху навои маҳсулоти хурокворӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо санҷишҳои гурӯхи кори комиссияи Макомоти иҷроияи хокимияти давлатии ВМКБ идома дорад. Маълум гардид, ки нархи хурокворӣ ва дигар махсулоти ниёзи аввал давоми чанд рӯз боло нарафтааст.
Дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳои кишвар нархҳо боло рафта бошанд, дар бозорҳои вилоят, алалхусус шаҳри Хоруғ нархи маҳсулот аз қабили картошка барои ҳар кило 5,5 то 6 сомон, сабзӣ 2,5, пиёз 5, помидор 20, бодиринг 12, карам 3 сомонӣ ва дигар намуди махсулоти кишоварзӣ бо нархи пештара дар чаҳорчӯбаи нархномахои шуъбаи зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикитсон дар ВМКБ дар фурӯш мебошанд.
Бо фурӯшандагони гӯшту шир ҷиҳати боло бурдани нархи маҳсулоташон суҳбат доир шуда, барои ба нархи пештара барои ҳар литр шир 5 ва барои ҳар кило гӯшт 44 сомони нигоҳ доштани нархашон огоҳномаҳо дода шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Раёсати андози вилоят барои дастгирии фурӯшандагон масъалаи паст кардани пардохти ҳаққи иҷораи ҷой дар бозор дида баромада шуда, бо соҳибони мағозаҳо суҳбатҳо гузаронида шуданд. Масъалаи ташкили «Гӯшаи деҳқон» дар бозорҳо бори дигар мавриди муҳокимаи гуруҳи корӣ қарор дода шуда, ба мақсади таъмини он бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла бо маслиҳату гуфтушунид бо кишоварзону соҳикорони минтиқаҳои дигари кишвар нақашаҳои махсус таҳия шуданд.
Барои танзими нархи орд аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба бозорҳо миқдори муайяни орд ва бо нархи нисбати бозор арзон ба фурӯш бароварда шуда истодааст. Фаъолияти гурӯҳи корӣ барои ба танзим даровардани нарху навои махсулоти хурокворӣ дар бозорҳои вилоят идома дошта, дар сурати иҷро нагардидани талаботи нархнома ва огоҳомаи пешниҳодшуда нисбати вайронкунандагон талабот чораҷҳои зарурӣ андешида хохад шуд.