Вохӯриҳои хотирмон

Ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин ба вилоят сафари корӣ анҷом дод. Мавсуф бо ҳамроҳии муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо мардум вохӯриҳо гузарониданд. Мавзӯи сӯҳбатҳо бо пандемияи нав – вируси тоҷдор рабт дошт. Раиси Кумита зимни баргузории вохӯриҳо дар бораи хатари коронавирус, чораҳои пешгирии он ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз ин касалии сироятӣ ҳарф зада, мардумро ба хештандорӣ, тамкину низом даъват кард. Чунин вохӯриҳо дар водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ низ дилнишину хотирмон сурат гирифтанд.