ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ

Ба диққати сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва тоҷироне, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳури дар шаҳри Хоруғ ба тиҷорат машғул ҳастанд расонида мешавад, ки барои хубтар ба роҳ мондани соҳибкори ва тиҷорат бозори наздисарҳади Тем барои тоҷирон дарҳои худро боз мекунад. Соҳибкорон метавонанд дар бозори наздисарҳадии Тем тиҷорати худро бо иҷорапулии нисбатан арзон ба роҳ монанд.
Хоҳишмандон метавонанд оиди ин масъала ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ муроҷиат намоянд. Ё бо телефонҳои 2, 28 70, 2 49 18 93 513 81 81, 93 597 28 70 муроҷиат намоянд.

НОМАИ ТАБРИКОТӢ

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мо аст, ки дастаи бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намуди волейбол дар ҷумҳуриӣ ҷойи якумро ишғол намуданд. Ғолибияти Шумо боиси сарбаландии мо мебошад.
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Шумо барои пирӯз шудан дар мусобиқаҳои минбаъдаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилали комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Бо эҳтиром раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

Лоиҳаҳо ба нақга гирифта шудаанд

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд лоиҳаҳои барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғ ба маблағи зиёда аз 8,0 млн доллар, сохтмони пули мошингард аз болои дарёи Ғунд мавзеи Селхостехникаи шаҳри Хоруғ ба маблағӣ 7,0 млн. доллар, сохтмони роҳи автомобилгарди Калъаихумб-Рушон-110 км ба маблағи 220,0 млн. доллари ИМА, сохтмони 18 купрук дар ноҳияҳои вилоят бо маблағи зиёда аз 18 млн доллари ИМА, таъмири роҳи мошинагарди водии Бартанги ноҳияи Рушон ба маблағи 600,0 ҳазор доллари ИМА ва дигар лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоидошта ба нақша гирифта шудаанд.