РУШДИ БАРВАҚТИИ КӮДАК

Дар маркази ноҳияи Ишкошим бинои Маркизи рушди барвақтии кӯдак, ки аз тарафи Хадамоти Оғохон оид ба маориф бо маблағи 30 миллиону 152 ҳазор сомонӣ сохта шудааст мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло ба фаъолияти сохтмончиёни бинои мазкур баҳои баланд дода қайд кард, ки бо чунин бинои замонавӣ сатҳи касбияти муаллимон ва донишомӯзии кӯдакон бояд ба талабот ҷавобгӯ бошад. Ичунин ба кабудизоркунии гирду атрофи бино низ диққати ҷиддӣ равона карда шавад. Марказ бо таҷҳизотҳои лозими таъмин буда меъмори дохилии он ба таври меъмори хонаи Бадахшони сохта шудааст.

БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Субҳи имрӯз Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Носирзода Умедҷон аз иншоотҳои ҷашнии ноҳияи Ишкошим дидан намуданд.
Хонаҳои истиқоматӣ 24 ҳуҷрадор барои кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ, ки бо маблағи 11 миллиону 774 ҳазор сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардиданд дар ҳарафаи 29 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд. Хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ ва тамоми таҷҳизотҳои зарурии рӯзгор сохта шуда, фармоишгари сохтмони мазкур Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

БОҒИ НАБОТОТИ ПОМИР

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло ва муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов аз Боғи набототи Помир дидан намуданд.
Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда соли 1940 боғи мазкур таъсис дода шудааст. Масоҳати умумии боғ 624 га, ташкил дода дар он дар баробари олами набототи маҳаллӣ инчунин намудҳои дарахтон аз Аврупо, Қрим ва Кавказ, Америкаи Шимолӣ, Осиёи Шарқӣ, Осиёи Марказӣ парвариш карда мешавад. Боғи набототи Помир аз рӯи гуногуннамудии олами наботот дар Осиёи Миёна мақоми аввалро ишғол менамояд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Боғи набототи Помир аз нав таъмир гардида ҳамарӯза аз он меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ дидан менамоянд.