БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз ҷараёни сохтмони муассисаи таълимии рақами 8 шаҳри Хоруғ дидан намуданд. Дар баробари корҳои бунёди сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 8-уми шаҳри Хоруғ бомаром ҷараён гирифта барои бунёди бинои таълимии ин иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон 26 миллон сомони ҷудо гардидаст, ки аллакай 90 фоизи корҳо дар ин бино ба итмом расонида шудааст. Ин бино барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароитҳои лозими пешбини гардида, он аз се ошёна ва се бинои асосии таълими иборат мебошад. Корҳои сохтмони дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз руи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинокорон бо масолеҳи сохтмони пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёди анҷом дода шуданд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.

БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло дар ҷараёни боздиди кори аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо рафти корҳои созандагиву бунёдкории ноҳияи Роштқалъа ошно гардид.
Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар шахсони расмӣ ҳамрохи намуда, боздиди корӣ нахуст аз сохтмони бинои Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ ноҳияи Роштқалъа, ки бо маблағи 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта мешавад оғоз гардид. Инчунин дар ноҳия сохтмони бинои Раёсати молия ва андоз бо маром идома дошта, нақша аст, ки биноҳои мазкур то таҷлили ҷашни умумимиллӣ 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.
Баҳри коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар байни занон ва ҷавондухтарони ноҳияи Роштқалъа Корхонаи дӯзандаги бо тарҳи замонавӣ, ки бо маблағи 7 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода мешавад. Корхонаи дӯзандагӣ барои таъмини 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб пешбини шудааст.
Бояд қайд намоем, ки ноҳияи Роштқалъа дар соҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои зоҳирии худро куллан тағйир додааст.

БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло дар ҷараёни боздиди кори аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон рафти корҳои созандагиву бунёдкориро дар маркази вилоят ошно гардид.
Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва дигар шахсони расмӣ ҳамрохи намуда, боздиди корӣ нахуст аз Маркази савдои навбуёнд вокеъ дар Бозори 20 солагии Истиқлолият оғоз гардид. Бояд гуфт дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ сохтмони Маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст, ки дар остонаи ҷашни миллӣ чорумин маркази тиҷорати дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ҳудуди Бозори 20 солгаии Истиқлолият ҳамчунин коргоҳи дузандагӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳалли бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешоруи ҷашни Истиқлолияти давлати мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бунёди коргоҳи мазкур барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкори дар ин гушаи кишвар мусоидат менамояд.
Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруг аз мавзеъи сохмтони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехника дидан ба амал овард. Бо максади коҳиши тамбашави дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо Ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди саввумин пули калони мошингузар бар фарози рудхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудаст.Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ дарозии он беш аз 200 метр буда, он дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонави хоҳад буд.
Бо дастуру супоришхои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои фелилали рақами 66-и Бонки давалатии амонатгузории Ҷумҳури «Амонатбонк» оғоз гардида аллакай 68 фисдаи корҳо ба анҷом расиданд. Бинои бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикитсон «Амонатбонк» иншооти ҷашни буда дар арафи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлати мавриди истифодабари қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа бинои мазкур чорошёна буда аз маҷлисгоҳ, шуъбахо ва қисми амалиётиву утоқҳои махсуси кори иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофии бинои Театр масъулини сохтмониро муваззаф намуд, ки дар асосӣ тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра азнавсозӣ намоянд. Кайд намуд, ки Театри мазкур барои 1000 ҷойи нишаст пешбини гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомони мебошад, ки айни ҳол қариб 90-фоизи ин маблағ ба кор бурда шудаст.