Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири “Чорчаман Хилс” дар Истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и ноҳияи Дарвоз

Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи “Чорчаман” бо як гуруҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.

Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Пешвои миллатро ба ноҳияи Дарвоз самимона хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипоси беандоза карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳову ташаббусҳо ва масъалагузорию иқдомҳои созанда бар нафъи аҳли башар дар арсаи олам шинохта шудаанд ва шаҳрвандони кишвари ҳамсоя зимни суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти рузгорашон, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, неруи барқ, алоқа, набудани роҳи мошингард ва дигар камбудиҳои ҷойдошта, муроҷиат карданд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчуби робитаҳои гуногунҷанба дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон пулҳои дӯстӣ бунёд кардаанд. Бо сохтмони ин пулҳо рафтуомади бемамониати шаҳрвандони ду кишвар оғоз шуда, бозорҳои наздисарҳадӣ ташкил гардид, ки сокинони ду тарафи соҳил аз он барои таъмини эҳтиёҷоти зиндагии хеш бо молу маҳсулоти ниёзи аввал самаранок истифода мебаранд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

Шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи Чорчаман меҳмонхонаи наву замонавии “Чорчаман Хилс”-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Меҳмонхонаи сеошёна аз 25 ҳуҷра иборат буда, баъди бунёди он дар ин ҷо то 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин хизматрасонӣ ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин карда шудааст.

Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дар як гӯшаи зебои истироҳатгоҳ бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.

Мақсади асосии сохтмони меҳмонхона ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат “Дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дорои хизматрасониҳои васеъ, аз ҷумла саёҳати меҳмонон ба ҷойҳои тамошобоб пешбинӣ гардидааст.

Гузоштани санги асоси сохтмони Мактаби Президентӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.

Лоиҳаи Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз инчунин бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ сохта мешавад. Муассисаи таълимӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Дарвоз сохта шуда, дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Дарвоз низ муассисаҳои зиёди таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, мушкилоти соҳаи маориф ҳалли худро пайдо мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз масъулинро ба иҷрои босифати корҳо вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба омӯзгорону муҳассилини ноҳияи Дарвоз хизмат намояд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимону бепарасторон дар тарабхонаи “Ориёно”-и ноҳияи Дарвоз

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз меҳри гарми волидайн маҳруммондаро ба муносибати оғози Соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан туҳфаҳоро, ки аз кӯмакпулӣ ва сару либос иборат буд, ба ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимону маъюбон, дастархони идона ороста шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятим суҳбати самимӣ доир намуда, зикр карданд, ки табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат барои таҳсил ва фаъолияти онҳо ба таври ҳамешагӣ тадбирандешӣ намуда, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ин қишри ҷомеа худро бекасу танҳо ҳис кунанд.

Лозим ба таъкид аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимону маъюбон имтиёзҳои махсус муайян гардида, онҳо тибқи Квотаи Президентӣ беимтиҳон ба муассисаҳои олии мамлакат барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.

Хонандагон дар навбати худ ба Сарвари раъиятпарвар барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёнамудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода, дар оянда ҳамчун шахси соҳибмаълумоту донишманд ба воя мерасанд ва дар ободониву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми хешро мегузоранд.

Ба истифода додани бинои нави Суди ноҳияи Дарвоз

19 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Аснои шиносоӣ бо шароити кории иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Суди ноҳияи Дарвоз дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия қомат афрохтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав, ки аз ду ошёна иборат аст, моҳи майи соли 2019 шурӯъ гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд.

Сохтмончиён иншоотро дар муддати кӯтоҳ, бо тарҳи муосир ва бо сифати баланд бунёд карданд.

Дар бинои Суд барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино дорои ду толори барҳаво мебошад ва кормандони суди ноҳия барои гузаронидани маҷлису дигар мулоқотҳо аз шароиту имкониятҳои нав самаранок истифода хоҳанд бурд.

Дар бинои тозабунёди Суди ноҳияи Дарвоз китобхона бо теъдоди 300 нусха адабиёти ҳуқуқию бадеӣ ва китобхонаи электронӣ бо шумораи 10 ҳазор нусха китоб ташкил карда шудааст. Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис додани китобхона дар назди муассисаву корхонаҳо амалӣ гардидааст.

Кормандони Суди ноҳияи Дарвоз имкон доранд, ки дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти соҳавию бадеӣ истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро сайқал диҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Суди ноҳияи Дарвозро дар арафаи 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа туҳфаи арзанда номида, онҳоро ба фаъолияти хубу босамар ва содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан ва таъмини адолати судӣ ҳидоят намуданд.

Боздид аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Дарвоз


Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуданд.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозони қисми низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол, имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.

Таъкид гардид, ки адои хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард.

Сарбозон дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ғамхории доимиашон нисбат ба шароиту имконот дар қисмҳои низомӣ, навсозиву муҷаҳҳаз намудани воҳидҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Вазифаи ин қисми низомӣ таъмини амният дар сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз мебошад.

Зимни шиносоӣ бо дигар имкониятҳои қисми низомӣ иттилоъ дода шуд, тайи се соли охир, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар дохили қисми низомии мазкур як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бинои Ситоди қисми низомӣ ва хобгоҳи кушоду барҳаво аз 2 ошёна иборат буда, он дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Илова бар ин, дар дохили қисми низомии мазкур нуқтаи назорати гузаргоҳӣ, ошхона ва шаҳраки қаровулӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, бинои таълимии муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои дарсӣ, маҷмааи варзишӣ иборат аз майдончаҳои футбол, волейбол ва обутоби бадан, синфхонаҳои тобистона, ҳаммоми сарбозӣ, анбори нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, амволи шайъӣ, нуқтаи тиббӣ, хобгоҳи афсарон, ҳуҷраҳои махсус барои шӯстану хушк намудани либосу пойафзол ва дигар нуқтаҳои маишиву фароғатӣ барои фаъолияти рӯзмарраи афсарону аскарон муҳайё карда шудааст.

Тамоми утоқҳои кории афсарон, синфхонаҳои таълимии сарбозон, хобгоҳ ва дигар мавзеъҳои маишиву фароғатии дохили бинои мазкур, пурра бо мизу курсӣ ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳудуд ва гирду атрофи қисми низомӣ бошад, бо деворҳои рангуборшуда мустаҳкам гардонида шудааст. Илова бар ин дар дохили қисми низомӣ, як мавзеи фароғатӣ бо ороиши ҳунарҳои мардумӣ, фаввора, гӯшаи поси хотираи фарзандони диловари тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва бо дигар мусаввараҳои таърихӣ бунёд карда шудааст.

Бинои ошхонаи қисми низомӣ аз нав бунёд гардида, бо назардошти тамоми талабот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз ҷумла, дастгоҳҳову таҷҳизоти муосир барои омода кардани хӯроки сарбозон дар ошхонаи навбунёд насб гардида, он бо мизу курсӣ таъмин мебошад. Дар ин ҷо хӯроки гарму серғизо омода шуда се вақт ба сарбозон пешниҳод мегардад.

Зимни боздид Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати ғизои сарбозон ва маҳсулнокии таоми омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Таъмини саривақтии хӯроки серғизо яке аз талаботҳои асосӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон мебошад.

Маводи озуқа дар ин қисми низомӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати мудофиа таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки имконоти ин мавзеъ барои дар оянда парвариш кардани чорво, гузаронидани кишти зироатҳо ва таъмини дигар қисмҳои низомӣ бо маводи хурокворӣ самаранок истифода бурда шавад.

Афсарону аскарони Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ омодагии хуби ҷангӣ дошта, ҳайати шахсии он бо техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ, автомашинаҳои махсуси замонавӣ ва бо дигар силоҳу муҳимоти муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми ин солҳо дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ шуда, як қатор иншооти муҳим ва аҳамияти ҳарбидошта низ таъмиру тармим гардиданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимиву фароғатии ҳайати шахсии ин қисми низомӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ баромад карда, нахуст онҳоро ба муносибати 29 -умин солгарди таҷлил, аз Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуданд. Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлоли мамлакат буда, ҳамасола бо андешидани чораҳои саривақтӣ шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба талаботи давру замон мутобиқ карда мешавад. Дар ин баробар мустаҳкамсозии базаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дастовардҳои то ба имрӯз амалигашта натиҷаи чунин ғамхориҳо мебошад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат гузашти низомии сарбозон баргузор гардид.