21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳавкавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000 ҷой нишаст ифтитоҳ бахшиданд.

Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи Театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016-ум шурӯъ гардида буд.

Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги “Боми ҷаҳон” армуғони арзишманд номиданд.

Фармоишгари бунёди театри вилоятӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошанд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 150 нафар сохтмончиёну меъморони касбии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, биноро бо риояти талаботи ҳозиразамон бунёд кардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти мамлакат бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.

Тибқи лоиҳа, театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо утоқҳои либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар толори асосии театр барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.

Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ ва фароғати ҳунармандон ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир шудааст.

Ҳудуди бинои театри вилоятӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст.

Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилоят равона гардидааст ва ба тарҳи меъмории шаҳр низ зебогии дигар зам намуд.

Роҳравҳои бино бо маҳсулоти коргоҳҳои ватанӣ зинат дода шуда, бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ ҷолибу диданӣ офарида шудааст.

Атрофи театр пурра гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон шуда, шабонгоҳ ин макон ба сайругашти ҳақиқии сокинони шаҳри Хоруғ табдил ёфтааст.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуда, барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо карданд.

Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат фарҳангро оинаи рӯзгори ҳар як халқу миллат маънидод намуда, зикр карданд, ки рушди соҳаи фарҳанг дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Аҳли фарҳанги вилоят ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин иншооти бузург, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Бо истифода аз толорҳои барҳаво ва утоқҳо барои машқу тамрин, ҳунармандони касбии театри вилоятӣ имконият доранд, минбаъд барномаҳои гуногун ва намоишномаҳои ҷаззобу диданиро пешниҳоди тамошобинони закӣ гардонанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро, пешкаш карданд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳаваскорони вилоят, ки бори аввал дар саҳнаи театри навбунёд чунин барномаи тамошобобро таҳия намуданд, баҳои баланд доданд

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ сурат гирифта, яке аз иншооти муосир дар маркази вилоят маҳсуб меёбад.

Дар маҳаллаи Тирчид 225 оила мавҷуд буда, айни ҳол дар он наздик ба ҳазор нафар сокини то синни 35-сола истиқомат мекунанд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин маҳалла солҳои зиёд ба чунин иншооти замонавии варзишӣ эҳтиёҷ доштанд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ дар масоҳати умумии 1170 метри мураббаъ, дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот тавассути инфрасохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ” бунёд ёфта, дорои 320 ҷойи нишаст мебошад.

Майдончаи варзишӣ бо беҳтарин шароити инфрасохторӣ бунёд гардида, дар он ҳамаи талаботи муосир ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, гирду атрофи иншоот пурра чароғон карда шуда, пешайвон ва ҷойи нишасти тамошобинон тавассути соябонҳо аз боду борон муҳофизат мешавад. Дар ҳудуди иншооти мазкур ҳамчунин майдончаҳои хурди дигар барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол сохта шудааст.

Фарши майдонча бо рӯйпӯши махсуси резинӣ сохта шудааст, ки дар қаламрави мамлакат усули нав ба шумор меравад. Бартарии рӯйпӯши резинии бедарз дар он аст, ки ба ҳама гуна боду ҳаво гармию сардӣ, тобовар мебошад.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони майдончаи варзишӣ аз моҳи майи соли равон оғоз ёфта, бо ҷалби чор ширкати сохтмонии ватанӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Адис”, “Саховати Комрон”, “Помирэнергосервис” ва “Муросо-эко” дар муҳлати камтар аз 3 моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Айни замон дар маҳаллаҳои Андарситез, Фурудгоҳ, Султони Валӣ, Гулобод ва кӯчаи Насиллобекови шаҳри Хоруғ бунёди боз панҷ адад чунин майдончаи варзишӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки танҳо соли 2019 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 400 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бунёди садҳо маҷмааву толор ва майдончаҳои варзишии дигар дар ҳудуди вилоят идома дорад.

Дар як қисми майдончаи варзишӣ гӯшаи алоҳида барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо барои дилхушии кӯдакон тамоми шароит муҳайё карда шуда, он бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мураббиён ва варзишгарони наврас – аъзои тимҳои футболи хурд, ки шогирдони Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ мебошанд, суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, дӯст доштани варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва роҳи дурусти ҳаёт талқин намуданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба варзишгарони навраси шаҳри Хоруғ туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла сару либоси варзишӣ тақдим намуда, ба бозиҳои футбол дар майдончаи нав оғоз бахшиданд.

Сокинони Маҳаллаи Тирчид, махсусан ҷавонону наврасон, барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва иқдомҳои шоиста баҳри вусъати созандагиву бунёдкорӣ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардид.

Мувофиқи лоиҳа бинои маркази савдо аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ сохта шудааст.

Дар маркази савдои “Нигини Хоруғ” барои 70 нафар ҷойи кори нав ташкил карда шуд, ки онҳо метавонанд дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои савдо, дорухона кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншооти нав мағозаи фурӯши либосу пойафзол, олами қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи иттилоъи масъулон дар рафти корҳои сохтмонӣ қариб 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои иқдоми шоиста изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ карда, барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамоянд.

Соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун саҳми худро мегузоранд.

Баъди сохта мавриди истифода қарор додани бинои нави маркази “Нигини Хоруғ”, ки он бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ба сокинон молу маҳсулоти хушсифат пешниҳод карда мешавад.

Пас аз ифтитоҳ кардани бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат ба бештар аз 100 нафар ятими кул, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд тӯҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки ин иқдом нишонаи олии ғамхории доимии Сардори давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.

Маъюбон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал оварданд.

Аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯйи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд.

Дар вилоят номгуйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон сӯҳбат карда, ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 16,5 гектар боғи нав бунёд гардида, қариб 9 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд.

Истифодаи мақсадноки замин ба кишоварзони вилоят имкон фароҳам овард, ки соли ҷорӣ майдони кишти ҳамагуна зароат зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш дода шавад

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бинои нави Филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои наву муосири филиали “Амонатбонк” дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ дар муҳлати як сол бо иштироки 100 нафар меъмору сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шуд.

Дар ошёнаи якуми Филиали Бонки давлатии амонатгузорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон суҳбати озоду ошкоро доир намуда, ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси кишвар – 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандон туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Бинои филиали мазкур тибқи лоиҳа аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2076 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхона махзан, утоқи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якум, ки қисми амалиётӣ ба ҳисоб меравад, утоқҳои кории кормандон, хазинадорон ва ҳуҷраи бехатарӣ ҷойгир шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонкдорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави филиали номбурда 20 навъи хизматрасонии молиявиро ба муштариён пешниҳод менамояд, ки ҳамаи ин амалиёт бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ анҷом дода мешавад.

Дар рафти боздид, Роҳбари давлат аз шароити фароҳамовардашуда изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон, маҷлисгоҳи хурд бо 60 ҷой, утоқи муҳосибот ва сармуҳосиб, толори хурди китобхона ҷой дода шудааст.

Дар маҷмӯъ бинои филиали мазкур аз 27 ҳуҷраи кории барҳаво, маҷлисгоҳ, толори хурд ва ду бойгонӣ иборат аст.

Занону бонувоне, ки дар Филиали рақами 66-и “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, ба Пешвои миллат барои муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” 9 филиал бо 230 корманд, 40 Маркази хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла хазина шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Аз шумораи умумии кормандони ин бонк дар вилоят 106 нафараш занону бонувон мебошанд, ки 46 фоизи умумии кормандони бонкро дар бар мегирад.

Ҳудуди иншоот гулпӯш шуда, роҳравҳо низ аз ҳар ду ҷониб сафолакпӯшу чароғон гардидааст

21 август дар Майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими дигар – Нишони давлатиро ба истифода доданд.

21 август дар Майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими дигар – Нишони давлатиро ба истифода доданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2016 ҳангоми ба истифода додани Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ рамзи дигари давлатдорӣ – Нишони давлатиро ҳам бунёд намоянд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бештар аз як моҳ идома ёфт. 16 нафар сохтмончии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” дар ин муддат тавонистанд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат ин рамзи давлатдории навини тоҷиконро бунёд намоянд.

Дар бунёди таҳкурсӣ ва пояи Нишон санги мармар ва гранит истифода шудааст, ки маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб мераванд. Нишони давлатӣ бо баландии 16,5 метр аз сатҳи замин дар майдони 800 метри мураббаъ сохта шудааст. Гирду атрофи он бо гулу буттаҳои нодири ороишӣ зиннат дода шуда, роҳравҳои атрофи иншоот сафолакпӯш гардидааст.

Дар маҷмуъ Майдони Исмоили Сомонӣ 3200 метри мураббаъ масоҳат дошта ва дар ду тарафи он фаввора сохта шудааст.

Гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзонаи миллат дар Майдони Исмоили Сомонӣ воқеан ҳам ин мавзеъро ба макони тамошобоб табдил додааст.

Лозим ба таъкид аст, ки солҳои охир дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат рамзҳои давлатдории муосири тоҷикон, аз ҷумла Нишон ва Парчами давлатӣ қомат афрохтанд.

Ин ташаббус эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии мардум, аз ҷумла наслҳои наврасро дучанд намуда, дар замири онҳо ҳисси ифтихор аз миллату давлат ва гузаштаи бойю рангини халқи тамаддунофари тоҷикро қавитар месозад

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишии замонавӣ аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Ризвонзода Сафар сохта шудааст.

Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаю ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирфтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ чунин як иншооти варзишии муосирро бунёд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ҷавонмардони соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъ мебошад ва дар он бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронида мешавад.

Акнун ҷавонону наврасони хуштолеи ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро дар ин майдонча пайдо карданд.

Дар шафати варзишгоҳ майдони васеи футбол мавҷуд аст. Ҳамчунин як майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ бунёд шуда истодааст ва он рӯзҳои наздик пурра ба истифода супорида мешавад.

Дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 3 майдончаи муосири варзишӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст ва ҳоло сохтмони боз 3 майдонҳои варзишии дигар низ бо ҷалби ҷавонмардони саховатманд идома дорад.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Рӯшон беш аз 20 иншооти варзишӣ мавҷуд аст.

Айни замон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон 646 нафар наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави филиали бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшон

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бинои нави филиали рақами 71-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар доираи вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшудаи кору хизматрасонӣ дар бонки мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бунёди иншооти муосири соҳаи бонкӣ изҳори сипос намуданд ва дастур доданд, ки ба мизоҷон бо сатҳу сифати баланди касбӣ хизматрасониҳои бонкиро анҷом диҳанд.

Таъкид гардид, ки дар таҳхонаи иншооти замонавии бонкӣ толори бойгонӣ ва утоқи техникӣ ҷойгир буда, дар ошёнаи аввали он қисми амалиётӣ, махзан, хазина ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, утоқи кории мудир, кормандон ва китобхона ҷойгир мебошад.

Дар маҷмуъ бинои муосири филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон аз 10 утоқи кории бо мизу курсии нав ва технологияи муосир муҷаҳҳаз иборат аст, ки дар он шароити зарурӣ барои пешбурди кору хизматрасонӣ барои кормандон ва мизоҷон фароҳам гардидааст.

Фармоишгари бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, масоҳати умумии иншоот 419 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки қаблан барои анҷом додани амалиёти бонкӣ сокинони ноҳияи Рӯшон то андозае дучори мушкилӣ мешуданд. Инак, бо ифтитоҳи бинои нави филиали бонки мазкур мушкилоти мавҷуда ба пуррагӣ бартараф карда шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо 9 филиал ва 40 адад маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар онҳо 231 нафар корманд, ки аксари онҳо бонувони ботаҷрибаю кордон дар соҳаи бонкдорӣ мебошанд, ба сокинон ва меҳмонону сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро ба роҳ мондаанд.

Ба фаъолият оғоз бахшидани бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон боз як қадами устувор дар рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, зеро дар ин бино намудҳои зиёди хизматрасонӣ аз ҷумла, қабули амонатҳо, пешниҳоди қарзҳои муфид бо фоизҳои дастрас, интиқоли маблағҳо, хизматрасонӣ бо системаи онлайн, кортҳои бонкӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва қабули маблағҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ амалӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон бо шаш маркази хизматрасонии бонкӣ ба 3 ҳазору 565 нафар нафақахӯр, 820 нафар пасандозгузор, 470 нафар қарзгиранда, 4 ҳазору 105 нафар дорандаи корти миллӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонад.

Дар филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшон 27 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд, ки 22 нафар ё 80 дарсади онҳо занону бонувони ихтисосманд мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар шахсони масъул бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳияи Рӯшон ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба кор дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Таъкид гардид, кормандони бонк дар навбати аввал бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд ва дар фурсати кутоҳ хизматрасониҳои бонкиро бо сифати баланд анҷом диҳанд, то эътимоди мардум ба низоми бонкӣ боз ҳам бештар гардад, зеро Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ, дар низоми бонкии кишвар мақоми хоса дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии худро тавассути ин бонки бонуфуз амалӣ менамояд.

Ифтитоҳи Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

й20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.

Маркази логистикии навбунёди замонавӣ дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар масоҳати 1,5 гектар бунёд гардида, дорои 5 анбори бузургҳаҷм аз ҷумла, 3 анбори маводи ғизоӣ, як анбори маводи сухт, як анбори масолеҳи сохтмонӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар маҷмуъ ин анборҳо иқтидори ғунҷоиши як ҳазору 500 тонна маводи зарурии рӯзгорро доранд.

Маврид ба таъкид аст, ки Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ дар ноҳияи Рӯшон бевосита бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба танзим даровардани нарх ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, сузишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дар мавсимҳои гуногуни сол бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим соли 2017 оғоз гардида, бо ҷалби беш аз 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир анҷом ёфтааст. Дар маркази логистикӣ бинои ду ошёнаи маъмурӣ сохта шудааст, ки 10 утоқи кории муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва ҳуҷраҳои хоб барои кормандон дорад. Ҳамчунин дар ин бино ошхона бо 40 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Барои дастрасии мардум бо маводи аввалияи ғизоӣ мағозаи доимоамалкунандаи фуруши маҳсулот низ таъсис ёфтааст.

Бо ифтитоҳи Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Асонои шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамшуда дар базаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захира намудани маводи ғизоӣ ва дигар намуди маҳсулоти зарурии рӯзгор ва таъмини сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маводи озуқаворӣ дар ҳамаи фаслҳои сол ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Анбори дигари иншоот барои захира кардани 250 тонна маводи сузишворӣ пешбинӣ шудааст. Барои дастрасии бемамонияти сокинону меҳмонон ба маводи сӯзишворӣ дар шафати базаи муосири навбунёд нуқтаи фуруши сузишворӣ аз тарафи агентӣ ташкил гардидааст, ки бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди харидорон мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти муҳташами замонавӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори сипос намуда, дастур доданд, ки базаҳои захиравии маводи ғизоӣ ва маҳсулоти заруриро дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ минбаъд низ марҳила ба марҳила таъсис диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 анбори бузурги нигаҳдории маводи аввалияи ғизоӣ бо иқтидори ғунҷоиши 15 ҳазор тонна мавҷуд аст. Дар баробари ин 33 нуқтаи фуруш, ки доимо амал мекунанд, таъсис дода шудааст. Танҳо дар ноҳияи Рӯшон 8 нуқтаи доимоамалкунанда фуруши маҳсулоти озуқаворӣ фаъолият мекунанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ бунёди чунин иншооти муҳим, ки асосан барои захираи маводи ғизоию сузишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини аҳолӣ бо он пешбинӣ шудааст, муҳиму саривақтӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи ордбарорӣ таъсис ёфтааст, ки бо иқтидори 50 тонна дар як шабонарӯз фаъолият менамояд ва дар анбори корхона имкон аст 6 ҳазор тонна ғалла захира гардад.

Ҳадаф аз таъсиси корхонаи коркарди гандум дар ин ноҳияи баландкӯҳ таъмини сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо орди истеҳсоли ватанӣ аст.

Акнун, бо бунёд гардидани маркази лагистикии дорои анборҳои барҳавову бузургҳаҷм дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пеш аз ҳама имкони васеи захира кардани намудҳои зиёди маҳсулот аз ҷумла, орд ва дигар номгӯи маводи аввалияи ғизоӣ фароҳам гардид. Ҳамаи ин табрирҳои созанда дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ шуда истодаанд.

Атроф ва дохили иншоот майсазор ва гулкорӣ гардида, дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст.

Мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон

Нимаи дуюми рӯзи 20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд ва ба мардуми ноҳия барои амалисозии нақшаҳои созанда ба хотири пешрафти Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлату Ҳукумат ва ташаббуси шахсони саховатпеша дар самти анҷоми корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар баробари анҷоми корҳои созандагӣ, дар ноҳия бунёду таҷдиди боз даҳҳо иншооти дигари таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад.

Ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли истиқлоли давлатӣ ба рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳаммияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Дар ин давра барои рушди ноҳия ва дастгирии буҷети он аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 510 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми 190 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ равона гардидааст.

Инчунин, тайи ин солҳо дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 80 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло амалишавии ду лоиҳаи дигар дар самти мустаҳкам намудани инфрасохтори зидди офатҳои табиӣ ва лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси КОВИД-19 дар Тоҷикистон идома дорад, ки то ба имрӯз ҷиҳати татбиқи он 11 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон, дар маҷмуъ, 314 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 183 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Аз ин шумора 77 иншоот аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ба маблағи 92 миллион сомонӣ бунёд ва таҷдид гардида, ин раванд бомаром идома дорад.

Аз шумораи умумии иншооти бунёдшуда ба соҳаҳои маориф 45 иншоот ба маблағи 35 миллион сомонӣ, тандурустӣ 44 иншоот ба маблағи 6 миллион сомонӣ ва роҳу нақлиёт 19 иншоот ба маблағи 66 миллион сомонӣ рост меояд.

Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016-2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ татбиқи 127 лоиҳа бо маблағи беш аз 138 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз иҷрои он 62 фоиз таъмин гардидааст.

Соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии ба шуғл таъмин гардидани сокинони ноҳия ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии онҳо мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа супориш доданд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, дар муҳлатҳои мувофиқ ва бо истифода аз тухмии хушсифат гузаронидани кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистон ва захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ доир ба бунёди сардхонаву анборҳо чораҷӯӣ намоянд.

Супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, барои фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳия барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои нек саломатӣ ва барору муваффақият орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои талошҳову ташаббусҳо ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.