ИДИ КАСБӢ

Дар толори Сарраëсати молияи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иди касбии кормандони соҳаи молия таҷлил гардид. Дар чорабини мазкур муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо иштирок ва сухарони намуданд. Зимни баромад муовини раиси вилоят зикр доштанд, ки соҳаи молия дар ҳар кишвар аз соҳаҳои асосӣ маҳсуб меëбад ва дар рушду нумуи ҳар мамлакат нақши арзанда дорад. Сохторҳои молияи вилоят дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар ростои рушди вилоят кори азимеро ба сомон расондааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини раиси вилоят, роҳбарият ва тамоми кормандони соҳи молияи вилоятро бо иди касбиашон аз номи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов табрику муборак бод намуда барояшон комгорию дастовардҳои тоза таманно намуданд