Ҳамкории самарабахш

Зиёда аз як сол мешавад, ки аксарияти кулли мамолики ҷаҳонро вабои нав COVID-19 ба доми таҳлука кашида, новобаста аз чораҳои андешидашаванда, шиддати мубталошавӣ ва марг аз ин беморӣ рӯ ба пастӣ наоварда истодааст. Давлату Ҳукумати мамлакат ва ҷомеаи Тоҷикистон, таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд бо амалӣ намудани чораҳои саривақтии пешгирию табобатӣ, бо таъҷилан фароҳам овардани фазои мусоид барои муассисаҳои тиббию профилактикӣ ва кормандони соҳа, пеши роҳи паҳншавии касалӣ ва мубталошавии шаҳвандонро ба ин вирус гиранд.Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ фаъолият дар ин самт бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати ҳукумати кишвар муташаккилона роҳандозӣ гардид. Дар ин ҷода ҳамкорӣ ва дастгириҳои шарикони рушд ва ташкилоту созмонҳои ғайридавлатию байналмилалӣ назаррас мебошад.Аз он ҷумла, дар радифи дигар муассисаю ташкилоти ҳамкор Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ дар ҷараёни пешгирӣ ва табобти ин беморӣ тавассути дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, ғизо ва дигар намуди маводи зарурӣ саҳми назаррас гузошт. Ба иттилои котиби иҷроияи ҷамъияти мазкур дар вилоят Мамадаминова Тоҷиниссо аз тарафи ҶҲАТ дар шарикӣ бо созмони Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ барои муассисаҳои тиббию профилактикии кулли шаҳру навоҳии ВМКБ чор дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ҳазорҳо адад либос ва ниқоби муҳофизатӣ, се саду панҷоҳ бастаи гигиенӣ, конюлаи оксигендиҳӣ барои кӯдакон, ларингоскопҳо ва навъҳои зиёди доруворӣ дастрас гардиданд. Ин ҳамкорӣ айни замон идома дорад.Раиси вилоят Ёдгор Файзов борҳо дар машварату вохӯриҳо аз дастгирии шарикони рушд ва созмонҳои ғайридавлатию байналмилалӣ ҷиҳати кӯмаку мусоидат дар марҳилаи мубориза бо COVID-19 изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки маҳз сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати ҳукумати кишвар, ҳамкории самараноки мақомоту ташкилотҳои номбурда ва ҷомеаи шаҳвандӣ даст дод, ки мо ин марҳилаи мушкилро дастҷамъона паси сар намоем.640Охват (люди)39ВзаимодействияПродвижение недоступно

1111Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться