Мулоқоти судманд доир гардид

Бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов мулоқоти судманд бо роҳбарони як қатор раёсату шӯъба, бахш ва муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста ба масъалаи ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ, таҳияи лоиҳаҳои грантӣ, роҳандозию баҳогузорӣ намудани онҳо ва дигар ҷанбаҳои марбута доир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин, роҳбари барномаи Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев ширкат дошт.Раиси вилоят оиди ҳамкориҳои судманди Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд, мусоидати онҳо дар раванди ташаккул ва инкишофи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар сухан ронда, зикр намуд, ки маҳз тавассути ба роҳ мондани равобити мутақобилаи дӯстонаву судманд, на танҳо бо давлатҳо, балки ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, дар радифи ҳалли баъзе масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсати хориҷии худро таҳким ва мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад. Бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки рушди сектори хусусӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи иқтисодиёт ба шумор меравад. Маҳз дар ин сектор бештари маҳсулот истеҳсол гардида, тавассути он сатҳи соҳаи хизматрасонӣ рӯ ба рушд дорад. Дар ин самт таҳия, пешниҳод ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои инвеститсионӣ дорои аҳамияти хоса мебошад. Дар шаҳру навоҳии вилоят бо мусоидати ҳукумат ва дастгирии шарикони рушд садҳо иншооти инфрасохори иҷтимоию энергетикӣ ва коммуникатсионӣ сохта ба истифода дода шуданд ва имрӯз ин раванд идома дорад.Ёдгор Файзов роҳбарони идораву муассиса ва ташкилотҳоро даъват намуд, ки минбаъд низ бо назардошти муҳимияти масъала лоиҳаҳои ҳаматарафа асоснокро таҳия ва барои гирифтани грантҳо пешниҳод намоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки лоиҳаҳои муваффақ дар радифи ҳалли ин ё он масъала, ҷойҳои нави кориро муҳайё ва ба таҳкими буҷети маҳаллӣ низ мусоидат менамоянд.Роҳбари барномаи Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев ҳозиринро бо принсип, ҳадаф, вазифа ва нақшаҳои ин ташкилот шинос намуда, афзуд, ки барои мо пешбурди фаъолият дар чаҳорчӯбаи қонунгузории Тоҷикистон авлавият дошта, принсипи шаффофият дар роҳандозии лоиҳаҳо дорои аҳамияти хоса аст. Аз аввали таъсисёбии намояндагӣ дар Тоҷикистон ин ташкилот лоиҳаҳои зиёдро дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо амалӣ сохта, дар соли 2020 низ, новобаста аз паҳн гардидани пандемия, роҳандозии лоиҳаҳои грантӣ идома дошт. Аз он ҷумла, барои ВМКБ, дар доираи лоиҳаҳои пешниҳодгашта, маблағи 2300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Самти дигаре, ки сокинони вилоят пешниҳодҳо манзур месозанд, ин грантҳои идрорӣ барои донишҷӯёну тадқиқотчиён мебошад. Тавассути ин лоиҳа садҳо донишҷӯ имконият пайдо намуданд, ки таҳсили худро дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ давом диҳанд. Ҳамчунин, Назархудо Дастамбуев аз масъулини сохторҳо, муассисаҳо ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ хоҳиш намуд, ки ба таҳияи асоснок ва дақиқи лоиҳаҳо диққат дода, саривақт онҳоро пешниҳод намоянд. Масъалаи пешбурди ҳисоботи оморӣ ва муҳосибӣ аз ҷанбаҳои дигари зарурии лоиҳаҳо буда, саривақт ворид намудани андоз ба буҷаи давлат паҳлӯи муҳими масъала аст. Дар мулоқот роҳбари Маркази саратоншиносии вилоят, намояндагони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ташкилотҳои ҷамъиятии Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони “Помир”, “Волонтёр”, “Нур”ва дигарон оиди ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз он ҷумла, бо Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон андешаронӣ намуда, изҳор намуданд, ки ба воситаи роҳандозии лоиҳаҳо имконият пайдо намуданд, ки ҳам дар самти ҳалли мушкилот ва ҳам дар ҷодаи дастрас намудани технологияи муосири коммуникатсионӣ, тиббӣ, омӯзишӣ комёб гардида, дар рушду инкишофи диёру ватан саҳми холисонаи худро гузошта истодаанд. Илова бар ин, барои таҳкими равобити мутақобилан судманд ҷиҳати ҳалли мушкилоти дигари ҷомеа таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.Раиси вилоят дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳамаи шарикони рушд ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар рушду суботи Тоҷикистон саҳмгузоранд, изҳори сипос намуда, ба роҳбарони идораву муассисаҳои давлатӣ супориш дод, ки бобати бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта дар самти ҷалби инвеститсия ба хоҷагии халқи вилоят, дурусту асоснок таҳия намудан ва баҳогузорию назорати амалишавии лоиҳаҳои грантӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои марбута корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорон васеъ ба роҳ монда шаванд.