ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Возможно, это изображение (8 человек, люди стоят и люди сидят)


Возможно, это изображение (4 человека и люди стоят)
Возможно, это изображение (1 человек и сидит)

Субҳи рӯзи 17-юми ноябр иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон Ҳоди Ҳусейниро ба ҳузур пазируфт.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оғози мулоқот директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон Ҳоди Ҳусейниро ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хушомадед гуфта аз дастгирӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди шарикони рушд бо Мақомоти вилояти изҳори хушнудӣ намуд. Қайд гардид, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар шаҳри Хоруғ барномаи “Устувори шаҳри Хоруғ” ва “Лоиҳаи бехсозии низоми обтаъминкуни дар Тоҷикистон- марҳилаи 2 – шаҳри Хоруғ” амали гардида дар муддати кутоҳ хати оби нушокӣ дар шаҳри Хоруғ бунёд гардид, ки ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва беҳбудии инфрасохтори шаҳр нигаронида шудааст. Мирзонабот Алишер Худобердӣ оиди нақшаҳои минбаъдаи корӣ, ки ба лоиҳаҳои пеш ворид нагардидаанд, ибрози назар намуд. Аз ҷумла зинакунонии маҳаллаи Заводи Нон ва Шарифободи шаҳри Хоруғ дар доираи низоми бехатарии шаҳр, бунёди чоҳи амуди дар маҳалаи Валдош Гулмамадов бо мақсади таъмини сокинони маҳалла ва бошандагони маҳаллаи Чухт Хоруғ бо оби тозаи нушокӣ ва бунёди хати ташноб дар маҳаллаи Шарифобод аз нақшаҳои нав унвон гардида дар ин самт аз директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба тақозо карда шуд.
Директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон Ҳоди Ҳусейнӣ қайд намуд, ки маҳз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон имокният пайдо гардид, ки бо соли равон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи рушди Бадахшон аз наздик табодули назар намудем.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар миқёси ВМКБ теъдоди майдончаҳои муосири вазиши ва фароғати боз ҳам зиёд шавад.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қайд намуд, ки бо ташаббусҳои неку созандаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ боз 12 майдончаи муосири варзиши сохта шуданд, ки ба рушди соҳаи варзиш дар вилоят такони хубе мебахшад. Бунёди чунин майдончаҳои муосири варзиши дар ноҳияҳои вилоят агар ба нақша дароварда шаванд, боз як такони хубе барои ҷалби ҷавонон ба рушди соҳа унвон гардид.
Ҷонибҳо дар идомаи суҳбат аз хамкориҳои минбаъда баҳри таъмини шароит барои кор ва бунёди боз дигар майдончаҳои варзишиву истироҳати барои ҷавонон дар ояндаи наздик ибрози назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот мувофиқа карда шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо дастриги ва роҳнамоии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судмандро минбаъд низ баҳри рушди инфрасохтори ҳаётан муҳим бо шарикони ҳамкор боз ҳам тақвият хоҳад дод.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВМКБ

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)

Субҳи имрӯз бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ инчунин муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд. Зимни суханронӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят мӯҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ тамоми иштирокдоронро ба ифтихори ин иди бузург табрику муборакбод намуда қайд доштанд, ки ҳадаф аз таҷлили ин рӯз он аст, ки мардуми шарифи кишвар бо самимияти хоса сипосу шукри худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хизматҳои беназири дар назди миллати тоҷик анҷомдодаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ изҳор медорад. Ҳамзамон, сокинони саодатёр, бори дигар, садоқати худро ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, кафили сулҳу амонӣ, суботи иҷтимоӣ, рушди
бемайлони кишвар ва муҳофизу муаррифгари манфиату мавқеъ ва арзишу фарҳанги волои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ иброз медоранд.
Дар чорабинӣ инчунин Рауфзода Ҳилолӣ Ҳайдар намояндаи Прокуратураи ВМКБ ва устоди Институти илмҳои гуманитарӣ профессор Назрӣ Офаридаев дар бораи хизматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуданд.











и ещё 10


3 840
Охват (люди)
773
Взаимодействия
Продвигать публикацию

6969

Комментарии: 2
Поделились: 10

Нравится



Комментировать


Поделиться




Возможно, это изображение (7 человек, люди сидят, люди стоят и костюм)

Тарчума холи иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ

Возможно, это изображение (1 человек, стоит и костюм)

Мирзонабот Алишер Худобердӣ, 27 августи соли 1980 дар ноҳияи Рўшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад.
Соли 1997 мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Рўшонро хатм намуда, соли 1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват ва дар сафи Ќушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми низомии 2730, воқеъ дар шаҳри Душанбе, то моҳи майи соли 2000-ум адои хизмат мекунад.
Соли 2000-ум ҳамчун курсант ба Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоќистон дохил шуда, соли 2003 Донишкадаи ҳарбиро ба итмом мерасонад.
Аз моҳи марти соли 2003 фаъолияти кориашро ба ҳайси муовини сардори ситоди қисми қарбии 2107-и Ќўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз намуда, моҳи январи соли 2004 ба вазифаи сардори ситоди қисми ҳарбии номбурда таъин шуда, то моҳи августи соли 2005 дар ин вазифа адои хизмат менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ аз моҳи августи соли 2005 то моњи июли соли 2006 шунавандаи Академияи сарњадии Хадамоти бехатарии федеролии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва буда, академияро бомуваффақият хатм намуд.
Аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи декабри соли 2009 ба симмати сардори ситоди қисми ҳарбии 2655 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом адои вазифа мекунад.
Аз соли 2009 то соли 2011 ҳамчун афсари калони Шуъбаи фаъолияти намояндагии сарњадии Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии СҚС КДАМ Ҷумњурии Тоҷикистон хизмат менамояд .
Аз соли 2011 то соли 2014 бошад ба ҳайси сардори ситоди Отряди шашуми сарҳадии СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда, аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Отряди сарҳадии ҳафтуми ҚС КДАМ дар ноҳияи Ҳамадониро ба ӯҳда дошт. Дар муддати се моҳ, яъне аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2017, ба симмати сардори Отряди сарҳадии 6-уми СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз моҳи сентябри соли 2018, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба мансаби муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардида, то моҳи ноябри соли 2020 дар ин мансаб адои вазифа мекунад.
24 ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардида, пасон то 4 ноябри соли 2021 раисии шаҳри Хоруғро ба ӯҳда дошт. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин гардид. Оиладор ва соҳиби чор фарзанди ноболиғ мебошад.
Рутбаи ҳарбии генерал-майорро дошта, барои хизматҳои сазовор ва содиқона ба давлату миллати тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.

Номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят и люди стоят)

Ҳамдиёрони азиз!
Аз соли 2016 инҷониб дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон рузи 16 – уми ноябр чун Рузи Президент бошукӯҳу ва муҳташам таҷлил карда мешавад ва имрӯз низ дар саросари Ватани маҳбубамон чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодаанд. Ҳадаф аз таҷлили ин Рӯз он аст, ки мардуми шарифи кишвар бо самимияти хоса сипосу шукри худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хизматҳои беназири дар назди миллати тоҷик анҷомдодаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ изҳор медорад. Ҳамзамон, сокинони саодатёр, бори дигар, садоқати худро ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, кафили сулҳу амонӣ, суботи иҷтимоӣ, рушди бемайлони кишвар ва муҳофизу муаррифгари манфиату мавқеъ ва арзишу фарҳанги волои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ иброз медоранд. Аз он ҷумла, дар радифи дигар ҳамватанону ҳаммиллатон, мардуми сарбаланду баору номус ва қадршиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки нисбати заҳмату ҷонфидоиҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми самимӣ доранд ва ташрифи имсолаи Роҳбари давлат ба шаҳру навоҳии вилоят бори дигар инро исбот намуд, бо меҳнати аҳлона, таъмину риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои ҳифзу ҳимояи муқаддасоти миллию давлатӣ, ин рӯзи фархундаро таҷлил менамоянд. Аз ин лиҳоз, бо камоли эҳтиром ва аз самими қалб кулли мардуми сарфарозу меҳандӯсти вилоятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои ҳамагон саломатии бардавом, хонаободии ҳамешагӣ ва дар фаъолияти касбию эҷодиятон бобати боз ҳам зебову дилоро намудани диёру ватан комёбию музаффариятҳои бузургро таманно менамоям!
Ҳамдиёрони азиз!
Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он меҳвари бузургу мустаҳкаме ҳастанд, ки тамоми пешрафту комёбиҳо моро таъмин месозанд. Аз ин рӯ, дар вазъияти мавҷудаи минтақавию ҷаҳонӣ моро лозим аст, ки дар гирдаи сиёсати оқилона, дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида зичтар ҷамъ омада, тавассути донишу малака, таҷрибаи корӣ ва садоқати худ ба ин сиёсату сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ баҳри ҳимояи муқаддасоти Ватан ва фарҳангу арзишҳои волои миллиямон аз худ омодагии комил нишон диҳем!
Бигузор Ватани маҳбуби мо таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон боз зебою пешрафта гардида, миллатамон ба ҳадафҳои наҷиби худ ноил гардад!
Бигузор сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон абадӣ бошад!

ФАРОВОНИИ ҲОСИЛ

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и на открытом воздухе)

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ба ифтихори таҷлили сазовор аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ғани гардониданӣ дастурхони бошандагони вилоят бо маҳсулоти ниёзи аввал ва захира барои фасли зимистон ярмаркаи – фуруши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар ярмарка зиёда аз 2 тонна гушт, 45 сар моли майда 15 тонна картошка, 10 тонна сабзӣ ва 5 тонна меваву сабзавоти тару тозаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нархи аз бозор 30-40 фоиз арзон ба савдо гузошта шуд.
Сокинони сарбаланди вилоят ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои таъмини аҳолии шаҳри Хоруғ бо сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти озукаворӣ изҳори сипос ва миннатдори бепоёни хешро баён намуданд.

МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Возможно, это изображение (6 человек, люди стоят и на открытом воздухе)

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои сокинони вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташкил карда шуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ шахсан дидан карда ба масъулин барои минбаъд низ ташкил намудани чунин чорабиниҳо супоришҳои мушаххас доданд. Дар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят иштироки фаъол доштанд.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)

Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси вилоятӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷалби доираи васеи ҷавонон ва варзишгарони вилоят баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, баргузор намудани ин чорабиниро дар доираи таҷлили чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳмият арзёби намуда, тазаккур дод, ки нақш ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини Тоҷикистон ба ғоят бузург буда, дар ибитидои солҳои соҳибистиқлоли ба синну соли ҷавонияш нигоҳ накарда, тамоми қувваю неруи худро баҳри пойдории давлати тозабунёд равона намуда, давлатро аз нести ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо низ таҷлили 30-юмин солгарди истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистонро ба кулли иштирокдорони конфронс табрику шодбош гуфта қайд доштанд, ки дастгирии сиёсати созандаи Пешвои Миллат ва саҳми ҷавонону наврасони вилоят дар ободонию созандагии маркази вилоят назаррас мебошад.
Баъди баромадҳои расми мурочиатномаи ҷавонони Бадахшон ба хотири ҳимоят аз ғояҳои созандаву сулҳҷуёнаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марзу буми Тоҷикистон ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар қироат гардид.
Ҳамчунин аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо мақсади дастгириҳои пайвастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди муассисаҳои гуногуни варзишӣ дар қаламрави вилоят ба раиси Кумита сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ тақдим гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Алишер Мирзонабот аз рафти корҳои сохтмонӣ дар канали “Додихудо” диданд карданд.

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят, гора и дорога)

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Алишер Мирзонабот аз рафти корҳои сохтмонӣ дар канали “Додихудо” диданд карданд. Корҳои сохтмонӣ бо ҷалби ҳамаи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ ба сомон расонида шуда 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ барои ҳарчи зудтар ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Канали “Додихудо” аз самти ноҳияи Роштқалъа ба самти шаҳри Хоруғ равона буда нисфи шаҳри Хоруғро бо оби полезӣ таъмин менамояд.

ТАҒИРОТИ КАДРӢ

Возможно, это изображение (13 человек и люди стоят)

Субҳи имруз бо иштироки Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Давлатзода Музаффар, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва фаъолони ҷомеа ҷаласаи ғайринавбатии Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми навтаъини Раиси Вилояти Мхтори Куҳистони Бадахшон муаррифӣ шуд. Ба ин вазифа бо розигии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мирзозода Низом Юсуфӣ таъин гардид.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Давлатзода Музаффар зимни муаррифии муовини якуми навтаъин аз кордонию таҷрибаи мавсуф сухан гуфта, боварӣ изҳор намуд, ки Мирзозода Низом Юсуфӣ дар ин симмат барои рушду инкишофи вилоят саҳми сазовор хоҳад гузошт. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар суханронияшон қайд намуд, ки МИҲД ВМКБ имруз ба чунин кадрҳои баландихтисос, махсусан, дар соҳаи сохтмон, ниёз дорад. Итминон дорем, ки бо таъини чунин шахси кордон соҳаи мазкур вусъати тоза касб менамояд. Ҳамчунмн зикри гардид, ки тасмими дурусти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон дар самти интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба як ҳадаф рушду равнақи вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он нигаронда шудааст.
Мирзозода Низом Юсуфӣ 10 уми январи соли 1962 дар ноҳияи Муминободи Вилояти Хатлон таваллуд шуда дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ аддои вазифа намудааст. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ихтисоси муҳандиси сохтмонҳои саноатӣ ва гражаднӣ, сиёсатшинос мебошад.
Фаъолияти кории худро аз вазифаи муҳандиси лабораторияи сохтмонии “Кулобдеҳотсоз” шаҳри Кулоб оғоз намуда то муовини Раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.
Имруз дар асоси пешниҳоди иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардид

ТАБРИКОТИ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик

Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят и люди стоят)

Кулли кормандони милитсия ва собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ ва дар ҷодаи иҷрои вазифаи пурмаъсул ва хеле пурифтихор барору комёбиҳо таманно дорам.
Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Ибтидои солҳои 90-ум ҳодисаҳои маълуми дар кишвар рухдода, аз як ҷиҳат агар мушкилоти сангинро пешорӯи мақомоти милитсия оварда бошанд, аз ҷониби дигар нишон доданд, ки кормандони қавирода ва ватандӯсти милитсия ба савганд ва рисолати худ содиқ монда, баҳри барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ ва истиқрори сулҳу суботи иҷтимоӣ аз худ мардонагию диловарӣ нишон доданд. Дар ин ҷода ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва Давлату халқи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ному қаҳрамониҳои фарзандони содиқи худро фаромӯш нахоҳад кард ва корнамоии онҳо намунаи ибрат барои насли имрӯза ва ворисони оянда мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки ба ӯҳдаи ин ниҳоди қудратӣ вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб менамояд. Ба зиммаи он аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст.
Аз он ҷумла, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дар ин марҳила барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя расиданд.
Бо тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳону минтақа дар назди милитсия вазифаҳои нави муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуктаҳои муҳимро Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худашон таъкид менамоянд.
Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум,таҳкими сулҳу субот ва волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Бо ҳамин умедҳо, бори дигар ҳамаи Шумо кормандони бонангу номуси милитсия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулиятатон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу дорам.
Ид муборак ҳомиёни Ватан!