Табрикоти муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати иди сайиди Фитр

Инак, моҳи шарифи Рамазон бо тамоми фазоили пурбаракоташ ба поён расид ва мо чун ҳарсола онро бо шукӯҳу шаҳомате, ки Худованди мутаол хосаи он гардондааст, таҷлил мекунем. Иди Фитр яке аз ҷашнҳои муқаддаси исломӣ ва суннатыои писандидаи мардуми мусулмон ба ыисоб меравад ва сифатыои олии ахлоқиву маънавӣ, суннатҳои таърихӣ ва урфу одатҳои мардуми пайрави дини мубини исломро таҷассум менамояд.
Ман аз самими қалб шумоёнро ба муносибати ин рӯзи муборак аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ табрику таҳният мегӯям ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар ҳифзи хоку марзи муқаддаси Ватани азизамон комёбиҳо мехоҳам.
Бояд гуфт, ки имсол тамоми дунё, аз ҷумла мардуми тоҷик моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар карданд. Мутобиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин беморӣ қариб 200 давлати ҷаҳонро фаро гирифта, беш аз 4 миллион нафар сокинони сайёра ба он гирифтор шуданд ва ҳазорон нафар одамон ба ҳалокат расиданд.
Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид. Дар вилоят Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад. Вале мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистни Бадахшон низ ба қайд гирифта шуд.
Дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён мекунам ва ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил мехоҳам.
Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир дар чандин суханронии худ ба мардуми Тоҷикистон такрор ба такрор муроҷиат намуданд, ки аз тарафи ҳар як сокини кишвар ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва низоми рафтори аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсияшуда ба таври қатъӣ риоя карда шаванд.
Дар хотир бояд дошт, ки риояи тозагиву покизагӣ, яъне қоидаҳои беҳдошти шахсӣ на танҳо шарти муҳимми ҳифзи саломатист, балки тибқи таълимоти исломӣ яке аз фазилатҳои муҳимтарини ахлоқии ҳар як шахси мусулмон низ мебошад.
Арзишҳои динӣ дар баробари арзишҳои олии инсонӣ дар даврони истиқлолият мақому манзалати баланд касб намуданд ва онҳо имрӯз ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд. Ин арзишҳо ҳамчун сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи таъсирбахши тарбияи инсони комил дар дарки худшиносии миллӣ ва дарки ҳуввияти инсонӣ хизмат мекунанд. Дар таърихи тамаддуни башарӣ дин ҳамчун муҳимтарин манбаи ахлоқ ва маънавиёт ба мардум хизмат кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид борҳо Исломро пуштибонӣ карда, гаравишҳои нохуб, аз қабили терроризму экстремизм ва аъмоли зишту разиларо берун аз уммати ислом муаррифӣ мекунад. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояш чунин щайд кардааст: «Фарҳанги саховатманди исломӣ дар тарбияи ахлоқи ҷомеа, ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо нақши босазое дорад».
Дар робита ба ин суханон бояд гуфт, ки мардуми мо дар тӯли даҳсолаҳо дар маҳрумиятзои суннатӣ ва мазҳабӣ қарор дошта, имрӯз бо қабул шудани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баробари дигар озодиҳо соҳиби озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ низ мебошад.
Қобили зикр аст, ки ислом на дини хушунату тафриқаандоз, таассубу ифротгаро, балки аслан дини мубини сулҳу салоҳ, дӯстию бародарӣ, хайру саховат, порсоиву парҳезгорӣ, ваҳдату ягонагӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ғайра ҳаст. Ҳамаи ин фазоили олӣ, бахусус дар шарифияти моҳи пурбаракати Рамазон таҷассум ёфтааст. Моҳи Рамазон фазилатҳои зиёде дорад ва якеи он ин аст, ки шахси рӯзадор чун як муддат аз хӯрдани обу ғизо боз меистад, азобу ранҷи гуруснагиро эҳсос мекунад ва ҳолати онҳоеро, ки доим гурусна ҳастанд, пай мебарад ва водор ба хайру эҳсон ва садақа ба ниёзмандон мешавад. Худованд дар Каломи шариф фармудааст, ки: Рӯза доред, то парҳезгор шавед. Яъне ҳадафи асосии рӯза ин такмили ахлоқ ва тарбия тавассути лаҷом задани нафс мебошад, зеро нафс боис ва сабабгори тамоми бадиҳост.
Иди саиди Фитрро ҷашн гирифта, бояд ба инобат гирифт, ки он иди эҳсон ва хайру саховат аст. Дар ин рӯзи бузург дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон, раҳму шафқат ба дармондагон, ба ҷо овардани поси хотири гузаштагон, обод намудани кишвару диёр савоби зиёдтаре дорад. Боиси хушҳолист, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳимати мо тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кўдакону пиронсолон кумак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамаон низ саҳми арзанда мегузоранд. Чун сарфаю сариштакорӣ ғояи ислом ва баракати зиндагист, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дастури ҳар як сокини вилоят бошад.
Ҳозирини гиромӣ! Ҳар яки мову шумо хуб дар ёд дорем, ки рӯзҳои сахту мушкили солҳои навадуми асри гузаштаро чӣ тавр аз сар гузарондем. Боварии комил дорам, ки мушкилоти имрӯзаро низ дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ бо истифода аз ақли солим ва мафкураи тоза, бо ғайрату заҳмати созанда ва нангу номуси миллӣ паси сар мекунем ва барои фарзандону набераҳоямон як мулки ободу зебо ба мерос мегузорем.
Дар охир бори дигар якояки шумоёнро ба ифтихори фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб табрику таҳният гуфта, дар ин рузҳои мушкил сиҳативу саломати бар ҳар хонадони Шумо орзу дорам ва бахту саодат, иқболи нек, рӯзгори осуда, файзу баракат, сиҳатию саломатӣ насиби ҳар яки Шумо бошад. Баракат, раҳмат ва мағфирати ин Идро бароятон таманно дорам!